Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Пагоҳии барвақт. Алибек зери кўрпа буд, ки ба гўшаш садои навҳагарии мардум расид. Одатан гиря ба каси нав бедоршуда сахт мерасад, вале табъи ин мардакро хуш кард. Алибек ҳам зуд хеста ба мурдахона рафта ва аз дарвоза даромада «аком-э, аком-э» гўён баробари хешони Усто Раҷаб овоз баровард ва дар байни овозҳо мақсади худро баён мекард, ки мардум бифаҳманд: «Аком-э, акомэ... қарзи маро надода рафтед, аком-э, шоҳи зиндагия об барад, аком-а!» Кўдакон гиряро монда, ба гўяҳои ў механдиданд...
Баъд аз дафн ҳама аз сари қабр баргашта раҳораҳ дар ҳакқи усто суханҳои нек мегуфтанд. Ёдаш мекарданд. Хомўшу сархам мерафтанд. Ҷўра-чатоқ оҳе кашид, сурфид (гўё диққати ҳамаро бурданӣ буд), баъд ба гап даромад:
— Мо бисёр одати бад дорем-куя!
— Чӣ хел одат? – пурсид мўйсафеде, ки гоҳи сўҳбат сараш ларзида меистод.
— Ба ҷойи он ки мо ба мурдадор ёрӣ диҳему ўро дилбардорӣ кунем, аз вай пул мегирем: хайрот. Ҳам чизи қиматро гум кунад, ҳам...
— Йӣ, ӣ, шота об барад, гунаҳкор шудӣ. Ин аз рўйи таомул...
Йӣ... ӣ...
— Таомул бошад ҳам, нодуруст. Дигарон бояд пул диҳанд, на мурдадор.
— Йӣ... ӣ... ана хурсандию, ана хурсандию.
— Шумо ҳамин хел мегўед-дия, бой. Як кас дорад, дигаре надорад. Таомул гуфта, маҷбур аст, ки қарзу вом кунад, буду набудашро фурўшаду хайрот диҳад. Болои сўхта намакоб.
— Шота об барад, таомулро пушти по назан.
Ҳама хомўш, андеша мекарданд. Касе ба таклифи Ҷўра-чатоқ ҳамроҳ намешуд. Ҳамин тавр, ҳар кас ба кори худ рафту Алибек рост ба мурдахона.
Вай аввал ҳел-ҳел рўи ҳавлӣ гашт, баъд назди зан рафта пурсид, ки шавҳараш чӣ гуфтааст.
Зан, ки то ин вақт барои шавҳараш месўхт, гапи бойро шунидан замон ашки чашмонаш хушк шуд ва нохост хандид. Баъд ҳаросида ба атроф нигоҳ кард. Лаб инҷ карда истодани бой ўро ба хашм овард ва акнун ба саволи ў ҷавоб дод:
— Усто гуфтанд, ки аз шумо чизе нагирифтаанд.
— Йӣ, ӣ, шоша об барад, дурўғ...
— Албатта дурўғ.
— Не, нафаҳмидед, севу ним гов чарм ва...
— Ун рўз се буд, имрўз севу ним шуд!
— Яктоаш чарми такка буд, барои ҳамин нагуфтам. Ҳаминро ним гов чарм ҳисоб карда севу ним гуфтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё