Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў ба кас нигоҳ мекарду як абрў мепарронд, баъд дандонҳои резаашро ба ҳам ҷафс карда механдид.
Ба қавли мардуми деҳа «лўкка» мегирифт, ки китфҳояш шинухез мекарданд. Дар ҳамон шасти хандааш қофия мезад ва якбора «вааъ» гуфта даҳонашро мекушод.
Ў ҳоло «бой эзорашро олонидааст» мегуфту механдид ва қиссаи пулгириашро нақл мекард, таърифи зани бағиёми ўро мегуфт, ки аз тангкўча Алибек намоён шуд. Ҳама баробар хандиданд: «Номаша гиру гўшаша каш».
Бой то басанда шудани ханда расида омад: «Йӣ. Ана хурсандию, ана хурсандию». Вай салому алейкро фаромўш карда якбора ба мардум ҳамроҳ шуд ва гапро сар кард.
— Шоша об барад. Чўлоқ, мақом карда истодааед-чӣ?
Боз ҳама баробар хандиданд ва ба эзори бой нигоҳ карданд.
Худи ў ҳам ҳайрон монда ба эзораш нигоҳ кард, баъд дид, ки ҳеҷ гап не, як-як ба одамон чашм дўхт.
Ҳамин вақт мўйсафеде асозанон аз кўчаи миёна баромаду хабар овард, ки усто Раҷаби чоруқдўз аз гап мондааст:
— Йӣ, ана хурсандию, ана хурсандию, – бой баробари сухани мўйсафедро шунидан хурсандии бемавқеъро чун одат изҳор кард.
Муаззин «намози аср»-ро азон гуфт. Намозхонҳо ба масҷид рафтанд, вале бойи «ба пир даст дода» намозро партофта беморбинӣ рафт. Вай аз дари ҳавлии бемор «бай-бай-бай, ана хурсандию, ана хурсандию!» гуфта даромад. Атрофи беморро гирифта гиря мекарданд. Алибек аз зани ў пурсид, ки васияташро ба кӣ гуфта бошад. Зан «ба ман васият карданд» гуфт.
— Аз ман камакак қарздор буданд, гуфтанд?
— Не, нагуфтен, ушон одати қарзгирӣ надоштанд-ку!
— Фаромўш карден-дия. Хуҳаракам, ба шумо дурўғ, ба худо
1 рост, аз ман се гов чарм, якунимта пул гирифта буданд, баъд як бор даҳон ҳам андохта буданд, ки говро ба ивазаш медиҳам... Ин ба шумо дурўғ, ба худо рост, хуҳарам.
— Ягон бор ба ҳуш омада монанд, мепурсам.
— Не-не, ин аниқ, шумо беморро азоб надиҳед, ин аниқ! Ба ёди бемор қарз омадан гирад, ҷон доданаш душвор мешавад...
Хайр, ман боз меоям. Фақат ҳамин чизро ба шумо гўям гуфта омада будам. Боз меоям...
Вай беморро надида баромада рафт. Занак ҳам аз шавҳараш ин гапро пурсида натавонист.

  1. Яку ним ҳазор
пешина
аз 393
навбатӣ