Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

нигоҳи дуру дароз андохтан ба сўйи занак қадам партофт ва насиҳатомез ба гап даромад:
— Хуҳарам, ҳамин обрўят ҳам бад не. Шукр кун, ки ҳамсояҳо нафаҳмиданд. Набошад, расво мешудӣ. Хуҳарам, айб аст, ки зан ними шаб ба хонаи марде биёяд. Ин чизро мардҳо мекунанд. Ба ту айб. Чӣ кори кардаат пешатро гирифт-дия.
— Қанчиқи ҳаром. Ман пеши шўйи ту хоб рафтанӣ наомадаам.
Говро барор... Холдоракам, ҳеш-ҳеш!
«Боонг!» ҷавоб гардонид гов.
— Дидед, аз шумо боақл, – ба зани бой ишора паронд ў.
— Вай аз ту ҳам боақл аст. Вай қарзи соҳибашро дониста омаду ту гардан мекашӣ, маълум, ки бо шўят чӣ муносибат доштаӣ.
— Ана ин хел муносибат доштам! Мебинед? Ана ин хел!
— Вой дод! Ҳамсояҳо ёрӣ диҳед! – ба зарбаҳои асои зан тоб наоварда дод мезад зани бой. Дар ҷавоб аз паси дар «пиқ-пиқ»-и тамасхури ҳамсояҳо шунида мешуд.
Бой тохта ба хона рафт, ки либосашро пўшида биёяд.
Зани бой дарвозаро кушода дастак мезад, ки ин бева дар ин бевақтӣ ба сари шўйи ман омадааст...
Занак ба чизе гўш надода турми дари оғилро бароварда, говашро берун овард.

4

Оби ҷўйи байни деҳа хоки сурхи адири маҷрояшро шуста рангин шуда, кафк карда ба нишебӣ ҷорӣ мешуд. Садои мори афъӣ барин фишшосзанон ҷорӣ шудани он қариб деҳаро фаро мегирифт. Вай аз кўҳҳо бўйи баҳору сабзаҳои навдамида, чўбҳои хушку, восўхтаҳои чўпонон, пўсти дарахтон ва сангу сангчаҳоро меовард. Дар кўча боз мардон ҷамъ омадаанд ва интизори аввалин кишти баҳорианд. Замин рутубат дорад. Нақши поҳои гову гўсолаву бузу бузғолаҳо ба рўйи роҳҳо қолаб андохтаанд. Ҷўрачатоқ пулро гузашта ба мардум наздик шуд, ки ҳама баробар хандиданд ва якбора «бой» гуфта монданд. Ҷўра ҳам даҳонашро то баногўш кушода «вааъ» гуфт, пас чўбашро ба паҳлўи ҷавони «сафедмўй» халонд.
— Э мон ҳазлата, ланг!
Ҷўра даҳонашро кушода чизе гуфтанӣ шуд, вале чашмаш ба бой, ки аз тангкўча намоён шуда буд, афтоду ҳамон зайл монд.
Ҷўра сурфид: «уҳу-уҳу!»
Ҳама хомўш ва ором буданд.
Бой бо сангроҳаи пушти хонаҳои барқади деҳа хирадмандона қадам зада, гоҳ-гоҳ ба кўчаи калон нигоҳ карда, даст пушти бар меомад. Фаши саллаи ў чашми гуруснаи соҳибаш барин беқарор буд.

пешина
аз 393
навбатӣ