Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ман дар умрам бо зан байъу шаръ накардаам. Туро ба ин кор кӣ монд?! Ҳеҷ кас ёд надорад, ки зан чўпонӣ карда бошад.
Рав, ба хонаат шин, муттаҳам!
— Муттаҳам худат! Беимон! Акнун ба ёдат мегирӣ, ки зан чўпонӣ мекунад!
Вай аз назди ў дур шуда ба паҳлўи харсанги зард, ки дар баданаш аввалин аломатҳои сабзаи баҳор сим зада мебаромад, рафта ба роҳи деҳа чашм андохт, ки ҳоло ҳам аз шавҳараш дараке нест.
Пас гапи марди бефаровездаҳон таъсир карду худ ба худ зери лаб ғуррид: «Аблаҳ, замона ба чӣ аҳвол аст, намебинад, таъна мезанад. Кўр. Агар бинӣ, ки ҳозир дар ҳама ҷо занҳо...» ҳамин вақт ба хотираш дигар чиз омад, дандонҳояш ба ҳам фишурда шуданд: «Як милтиқ медоштам...» Вай боз ду-се қадам болотар ниҳод. Ҳамин дам чашми бой ба мўйи дарози пўпакандохтаи зани ҷавони гавдадор афтид ва якбора дилаш таҳ зад. Вай боз сар то пойи занро дар мизони чашм андозу баркаш кард. Зан бари ҷомаашро бардошта ба миёнаш таранг баста буд, ки ўро хеле ҷасуру зебо нишон медод, вале чоруқҳои мардонаву ноғунҷони пояш ба ҳусни ў халал мерасонад. Бо вуҷуди он кас бо чашмони бой не, бо чашмони нек ба ин зани ҷавон нигарад, медид, ки аввалин лолаи кўҳсор аст, ки абри найсон нав онро шустааст. Бой бори дигар ба чоруқи пойҳои ў, ки аз они шавҳараш буданд, диққат дод.
Молҷудокунӣ аз хотираш рафт. Ба зан нигоҳ мекард. Як ҳиссиёти беандозаи ҳайвонӣ ба сари ў зад, баъд қадам монда пеш рафт ва тамоман бо савти дигар гап сар кард.
— Ту умуман чӣ мехоҳӣ?
— Ҳеҷ чиз!
— Не, ба ин маъно, ки ман ба ту чӣ диҳам.
— Ҳеҷ чиз!
— Ҳақ мегўйӣ-ку?
— Инро бо худи чўпон ҳал кунед.
— Чўпон не, худат чӣ мегўйӣ?
— Худам? Ҳу... худам мегўям, ки чизе ки чўпон хоҳад, тею гўсфандҳоятро гирифта бар!
Алибек аз нав ба фикр рафт. Аз пеши рама садойи хониши кабк баромад. Занак ба он тараф нигарист, вале ин садо ба гўши мард намефорид. Садои гўсфанди барраашро гумкарда баромад.
Мард зуд ба он нигоҳ кард. «Аз они ман набошад?» Ҳамин дам пояш лағжида, ба даҳан зад ва салла аз сараш парида гўсфандҳоро тўронд ва ғелида ба паст рафт. Ба ҳамворӣ нарасида ба хорбуттае андармон шуд. Бой дастони лойолударо афшонда-афшонда, гардан ёзонда аз паси он менигаристу аз дил мегузаронд: «Сари чанд сўмро мехўрад» ва тоқат накарда бо пошнаи пояш лағжидалағжида ба паст нишеб шуд. Вай рафта салларо гирифт. Ба сараш напечонду ба миён баст ва тоқии нимдошти чоргулро маҳкамтар

пешина
аз 393
навбатӣ