Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бой ба занаш нигоҳ карду «бори аввал ин ҳодиса» гуфт. Дигар чизе гуфта натавонист, замона дигар, бою бойдориро намепарварад. Вай аз ин хусус ба ягон ҷо арз карда гапашро гузаронида наметавонад. Ў ба маънои пуррааш бойҳои кўҳна барин он қадар доро не, вале замони ҷанг, қаҳтӣ, вай каму беш дорад. Одамон дар тангдастиҳо маҷбур мешаванд, ки хоҳу нохоҳ чизе гиранд.
Афсўс, ки ў аз болои Ҷўра-чатоқ ба ҷое арз карда наметавонад.
Бой ба хари «сиёҳмушкин»-и бино монда ва фирефта аз лўли харидааш савор шуда бо роҳ Таги Ғор сари мол рафт. Бо вуяуди резачорпо рафтани ҳар вай хеле ба танг омада буд, ки зудтар ба сари мол расад, халаро ба шонаи хар зер мекард. Чунон ба ҳаяҷон омада буд, ки мехост харро монда, пиёда тозад. Хар метохту ў ба пеш нигоҳ мекард, ки мол дар куҷо бошад. Вай дар Сурххок, ки барфаш кайҳо об шуда, буғаш туман барин адирро фаро гирифта буд, рамаро дид. Харро ба адир рост карданӣ шуд, вале дасту пойи хар аз лой лағжида пеш нарафт. Алибек харро ба хорбуттае баста, оҳиста-оҳиста боло баромад. Вай ба сари мол рафт, дид, ки Бозор ҳоло наомадааст, занаш мол бонӣ мекунад. Вай аз фурсат истнфода бурда гўсфандҳояшро ҷудо карданӣ шуд, вале занак розӣ нашуд, ба бой арз кард, ки шавҳараш ба назди ў ҳақ мегирам, гуфта рафта буд. Алибек ба ин гапҳо эътибор ва ҷавобе надода, ёвалло, гўсфандҳояшро зудтар ҷудо карданӣ буд. Бой «ҳа», занак «на», қариб ҳар ду ба тую ман рафтанд.
Чўпонзан ба гапи ў гўш накарда, пеши молро гардонда ба ҷойи чақилтар ронд. Алибек як-як гўсфандҳояшро зеҳннишин карда, ҳасту несташро медид. Вай ҳоло боқувват ва чилу ҳафт сол дорад, бардаму пурқувват. Чўпон ёрӣ надиҳад ҳам, худаш гўсфандҳояшро ҷудо карда метавонад. Ў хеле шитоб мекард, ки Бозор-чўпон наомада корро буд кунаду молашро бо сойчаҳо ҳай карда равад, вале чўпонзан аз чизе бохабар будагӣ барин хеҷ намегузорад, ки бой гўсфандашро ҷудо кунад.
Алибек ба пўписа гузашт ва бо ҳамон шаст ду-се гўсфандро аз пояш кашида ҷудо кард, вале занак рафта онҳоро баргардонида боз ба мол овард. Ғазаби бой гирифт, дов кашида ба сари зан омад. Занак асоро рост бардошт:
— Наздик нашав!
— Охир ту сиёҳмилла мефаҳмӣ, ки ман моли худамро мегирам!
— Охир ту мефаҳмӣ, ки мардак барои ҳақ рафта буд? Ҳақро барор, молатро бар!

пешина
аз 393
навбатӣ