Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

ба сараш пахш карда, як назар ба зан зеҳн монд ва оҳиста-оҳиста боз ба назди мол рафт:
— Шоша об барад, замин рўяк об кушода будаст-дия, – ба зан лабханда карда гуфт ў ва нарм-нарм сурфид. Занак ба ҳарфи ў эътиборе надода, лаҳза ба лаҳза ба роҳи деҳа нигоҳ мекард. Вале мард ду чашмашро аз ў намеканд, ки шояд бе салла ба назари ҷавонзан хубтар намояд ва шояд ягон чиз гўяд, вале... Суханҳое, ки дар ҳаққи мумсикии ў мегуфтанд, эътиқоди тамоми занҳоро гардонида буд.
— Ту ҳайф шуда будаӣ-дия! – якбора чунин сар кард вай.
— А?
— Мегўм, ки шота об барад, ҳайф шудаӣ!
— Рост мегўед, бобоҷон.
— Ҷойи ту дигар ҷо будааст.
— Ҳа, бобоҷон...
Бой сурфида монд ва босаловат қадаме пеш андохт, чашмаш ба ғабғабаи сафеди ҷавонзан ва ранги тозаи ў афтид, бори дигар дилаш таҳ нишаст. Ба назараш чунин расид, ки акнун ба зан фармонравоӣ карда метавонад. Боз лабханд зад:
— Ӣ... иҳӣ. Ана хурсандию, канӣ ин ҷо биё!
Занак сурфида монд, гўё ҳарфи ўро нашунид. Бой боз таклифашро пеш ронд. Зан ўро тез карданӣ шуда суханро дуртар бурд.
— Не, бой, шумо пир-ба даст додагӣ, ба шумо наздик шудан мумкин не.
— Ҳаҳ-ҳа, ту хеле шўх менамоӣ-ку, а? Ойимча?
Ин калима ба ҷиккаи зан нарасид, зеро вай мехост, ки бойро ба шўр орад:
— Не, бе ҳазл мегўям, шумо одами табаррук.
Бой боз сурфид, муллоёна сурфид.
— Шота об барад, ин ҷо биё, ҳавасамро оварда истодаӣ.
Дили зан ҷиғӣ кард, вале оташро фурў дошта ҷавобе нагардонд.
Китф аз харсанг баргирифта, пушти он гузашт.
Ў ҳар вақт дасташро сахттар фишурда мемонд ва бо гўшаи чашм дуздида ба роҳи шавҳараш менигарист.
Бой боз як қадам пеш монда ба зан наздик шуд, вале ҳамин вақт аз ҳаяҷон дилаш сахт зад, ба харсанг такя кард. Вай занро ба паҳлўяш хонд.
Чўпонзан хандиду чизе нагуфт, хандаи ў ба назари бой нозу адо барин расид. Гумон кард, ҷавонзани зебои офтобхўрда, ки бо чунин ҳусну ҷамол бо як чўпони бадбўй умр ба сар мебарад; як шаб бо зан бошад, сад шаб дар сари кўҳ, ба ҳар сухани ў дафъатан розӣ хоҳад шуд; аз он, ки дороии ў ба мардуми деҳа маълум аст. Аммо судхўриашро пинҳон дорад, ки мардум намедониста бошанд. «Ягон чизи дуруст ваъда бояд кард.» Бо ҳамин мақсад боз пеш рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё