Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў зиёд нақлу ривояту афсона, қаринаву масал медонад ва шеъри Ҳофизу Лоҳутиро. Мардумона медонад, вале чун алломайи рўзгор сабақ меомўзад. Ман нафареро медонам, ки чунин буд – падарам. Ў касро ин корро бикун ва ё ин корро накун намегуфт, балки қарина, матал, латифа, қикоят, афсона мегуфт чун гўшона ва шунаванда натиҷа мебардошт, ки пирмард чӣ мегўяд. Раис низ чунин одат доранд. Инсони хубро дўст доранд, донишмандро эҳтиром кунанд, хидматгори сарсупурда ва покдилу покниятро беш аз фарзанд донанд, ҳамсафарро баробар ва бародар хонанд… Касе дар тўли набудани Раис дар ин мулку макон даргузашта бошад, ба фотиҳа мераванд ва албатта сари забонашон меояд: «одами хуб буд…»
Аз хуб рўяд хуб, аз бад – бад.
Роғун ё Оби Гарм. Яке аз ганҷҳойи кўҳистони тоҷик дар ҳамин мавзеъ дар синайи танги он нагунҷида фаввора занад ва онро Оби Гарм номанд. Андаруни оби шифобахш дер тоқат накунӣ ва чун бурун ойӣ, хешро навзод эҳсос бикунӣ; сабуку руҳгирифта. Ва дар ин ҷо бо ду нафар мушовирони президентӣ дар як хона шабро гузаронидем: Баракатуллойи регарӣ ва Қиёмиддини кофарниҳонӣ.
Баракатулло зуд бо ман забон ёфта китоб пурсид, то бо соядаст бахшамаш, зеро ин чизро дар хонадонашон писанданд. Вале Қиёмиддини дар куҷое дидаам, дар дил чизе дорад ва хап мекунад.
Чун Баракатулло бефара ва шикамдард шудааст, баъди ба оби гарм даромадан чизе нагуфта хобиданист ва аммо Қиёмиддинро хоб намебарад. Чароғро хомўш кардем, ў бедор.
— Ман шуморо дер боз мешиносам. Ба Кофарниҳон бисёр меомадед. Ман ҷўрайи Абдуҷалил, Абдуҷалил Ҳафизов.
— Ҳааа. Ман ҳам фикр мекунам, ки шуморо дар куҷо дида бошам. Аз ин рў гўшайи чашм мекунед бо ман?
— Не. Ман сабр кардам, ки мешиносед ё на. Ман аз Афғонистон баргаштам. Абдуҷалил аз дур шуморо ба ман шиносонд ва чӣ хел инсон буданатонро мегуфт, акнун худам аз наздик дидам.
Баъд аз қабули оби гарм хобамон парид. Аз якдигар шарм медоштагӣ барин дар торикӣ сўҳбат мекардем. Қиёмиддин кушода шуд ва аз айёми дар Афғонистон хидмат карданаш сўҳбат мекард ва ҳар гоҳ мепурсид: «Хобатон бурд?» «Кошкӣ мебурд!»
Пагоҳ сўҳбат дар санатория давом кард. На танҳо тоҷикон, балки мардумони миллатҳойи дигар суханронӣ карда «агар»
мегуфтанд, ки ГЭС-и Роғун сохта мешуд… Гузаштаро салавот.
Лекин фардо ё пасфардо ин ГЭС сохта хоҳад шуд. Он гоҳ тарзи зиндагидорийи мо ба нерўйи ин барқ мувофиқ хоҳад гашт.

«Сўҳбати марди худо мардат кунад,
Сўҳбати ҳар носазо дардат кунад.»

пешина
аз 393
навбатӣ