Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ва себро бар ў бахшид. Ба назари ҳамайи шумо ҳам аз баччайи худатон зеботар ва хубтар писаре нест. Ҳамин тавр ки бошад, баробари дўст доштани фарзанд боз ўро хубтар тарбия бояд кард ва илму амал бояд омўхт. Аз чеҳраҳойи шумо нур меборад. Аз ин рў номи ноҳияатон Нуробод шуд. Муборак бошад ба ҳамаатон!
Гоҳи сухан гуфтани дигарон ва пурсу посухҳо одамонро тамошо мекунам, ба ҳунари дасти устоҳо менигарам, ки бо чӣ диду завқу ҳавсала нигорандагӣ кардаанд. Бо нўки теша, дандони арра, бо неши исканаву ранда ва зарбу раҷҷа чӣ санъате ба ёдгор гузоштаанд. Агар бурунмарзие ба дидани кўҳистон ояд, баройи дидани чунин ҳунарҳо низ меояд. Агар аз биҳишти рўйи Замин будани кўҳсор таассурот барад, зебойиҳойи коху кўшку ибодатгоҳҳоро низ ҳамроҳ мебарад.
Олам дарахти куҳан, одам як муғҷайи он. – Меафзоянд Сайдулло Хайруллоев – Ҳамин муғҷа бояд бор оварад. Вагарна одам ҳеҷ аст. Фақат баройи хўрдану хуфтан ба дунё омада бошад, ў одаме нест. Аз китоби як нависанда хонда будам, ки чунин кас дар қатори мурда, мегўяд… Рост нест? Рост! Ана баччаҳоро дар чунин рўҳ тарбият кардан лозим. Мову шумо шудагиамон ҳамин.
Лекин наслҳойи оянда бояд худро шиносанд, қадри худ, қадри падару модар, қадри Ватан, қадри миллату халқ ва поси нону намакро нигаҳ дошта тавонанд. Шумо ҳар меҳмонро, ки бо нону намак пешвоз мегиред, фаромўш мекунад? Агар ақлу тамиз дошта бошад, як умр нону намаки шуморо фаромуш намекунад. Онҳое ки дар намакдон туф мекунанд, аз зоти одам ҳам нестанд. Ёфт мешаванд чунин одамҳо, ман медонам… Лекин шумо одамони хубед… Савол, ягон пешниҳод ё таклиф ҳаст?
— Тез-тез биёед! Ба ҷойҳойи мо меҳмон кам меояд!
— Насиб бошад, меоем!
Ва ҳар қадар наздик ба марказ шавӣ, мардум, тарзи зиндагӣ, сару либос, зебу зиннатро дигаргуна мебинӣ ва бўйи шаҳр, бўйи сипоҳигарӣ; каҷ дору марезро мушоҳида мекунӣ; шояд аз он ҳам бошад, ки нимшаҳриву нимдеҳотиҳоро зиёд дидайӣ, ошно метобанд ва одамони «нав»; онҳоеро, ки дар баландиҳо мебинӣ, оддӣ, покдил, ба меҳмон зор ва «қадима» менамоянд. Дар боло занҳо печида мешинанд ва чашм мегурезонанд. Дар поён дастҳо то ба бозу луч, мўйҳо бурида, хандон ва зиёдтар аз мардон хешро озод меангоранд. Ҳар чиз ба ҷойи худ…
Ва аммо мушоҳида мекунам Раисро: чин дар абрўй надорад; чеҳра кушод, дил кушод, даст кушод, сарсина кушод баройи дўст.
Кина, буғз, найрангу дасиса ва ғаммозӣ надорад. Донишмандро эътироф мекунад, баҳра мебардорад ва бо дониши рўзгор, мардумшиносӣ, ҷавонмардӣ, саховату валинеъматӣ, поси хотир доштан касро ба маҷройи рости ҳаёт ҳидоят мекунад.

пешина
аз 393
навбатӣ