Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Моро ба Муҷихарф мебаранд. Пул шикаста. Аз осеби табиӣ ва ё аз зарби ягон чизи гаронвазн ва ё дар рўзи мабод мардум ба чунин ҳол оварда, ки бетонтахтайи аввали он аз соҳил ҷудо гашта, афтида ба рўд. Чун аз тори пул неву аз зераш убур мекунӣ, дармеёбӣ, ки об камар карда соҳилро ва битонтахта афтида. Ва дар соҳили рост ба назар танки вайронайи тасмачархаш дар пой уреб гузошта, ки обшикан бошад. Дар асл чархпой кран буда, обгардон ё балогардон гузоштаанд. Аҷибтар аз ин чизҳо лолаҳо, садбаргҳойи ранга ва шукуфаҳойи хушранги он соҳил, ки саф кашидаанд ва боғбони хубкор парварда ононро. Мардуми деҳи овозадор, мактабиёни озода чунон сафу радда кашидаанд, ки дар асарҳо мехонӣ ситойиш ва одобашро. Мулк дараки ободонӣ медиҳад. Дуртар мошинҳо гузошта ва мардони деҳ ба истиқбол омадаанд. Мухтор ба ронандайи нави мо мегўяд, ки пештар ронад, то дар миёнайи анбўҳи одамон намонад ё ба мошинҳойи дигар халал нарасонад. Аммо Сардепутат ва депутатҳо баробари аз об убур кардан пиёда шудаанд ва бо мардум дастсалом меоянд.
Дар ягон навишта нахондаам чунинашро, ки як деҳа ва ҷамоа ин миқдор мардуми аҳл ва тозарўй дошта бошад. Мисли кохи тозабунёдашон, ки дар ягон маҳал надида будем, зебо, озода, бамаънӣ, хушсохт, хуштарҳ, босалиқа ва бо завқи баланду ҳунари беназир сохта бошанд: шаш сутуни миёна, дувоздаҳ равоқ, ду қасабайи шашту ва рангу бори олӣ дорад. Даруни кўшки баланд пур аз касон; ҳама озодаву тару тоза ва зиндадилу зиндачашм; риш доранду ҷелаку тоқийи чоргул; ороставу пероста. Як хел шукуфта рўяшон, нияташон ҳувайдост аз нигоҳашон. Намудҳойи зоҳирӣ. Баройи донистанашон вақти зиёд лозим, то чанд муддат муқими ин нуробод бошӣ.
Депутатҳойи мўҳтарам ҳама тағйиру иловаҳоро гуфтанд. Ва чун дидам, ки бошандагон аҳли фазл ҳастанд ва бо эшон баробар шуданам аз имкон дур аст, ба Ҳофизи бузург рў овардам; байтҳо хондам. Шоирони маҳаллӣ шеър хонданду аз боби тағйироти Сарқонун ҳарф заданд имомхатиб низ аз Мавлонойи Балхӣ пораҳо хонду аз бузургони ин манзил, маҷлис адабӣ шуд. Раис фармуданд:
— Устод Сорбон, маҷлиси сиёсийи моро ба маҷлиси адабӣ
– сиёсӣ табдил додед! Магар ман ҳам адабӣ гўям:
«Зиндагӣ охир сар ояд, бандагӣ даркор нест!
Бандагӣ гар шарт бошад, зиндагӣ даркор нест!»
Яъқуб пайғамбар себе дошт хушрўй ва хушбўй. Гуфт: «Зеботарин ҷавони мулкро пайдо карда биоваред, то ин себи хубро
ҳадяаш кунам.» Бисёр хубрўён ва нозанинонро оварданд. Яъқуб
диду хуш накард. Чун хубрўйе намонд, Яъқуб гуфт: «Аз Юсуф хубрўйтар касе дар олам нест!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор