Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ишорайи Раис ба кадом кашокашҳойи замони гузашта, ки бо «донишмандийи» хеш халалгор шуданд пешрафтро. Баройи деҳқон трактору каланду тухмиву меҳнат, баройи кўдакаш мактабу дафтару китоб, баройи ҳама шифохонаву маводи зист ва тинҷиву осудагӣ лозим. Ба туфайли такопўҳойи хирадмандонайи Президентамон Эмомалӣ Раҳмонов сулҳу салоҳ, оромиву осудагӣ ба даст омад ва иншооллоҳ нури хонадони шумо аз ин ҳам равшантар хоҳад шуд.
Баройи ин кор кардан лозим. Ҳукумат нақша мекашад ва роҳ нишон медиҳад. Ману шумо бояд кор кунем. Бе ранҷ ба даст наояд ганҷ. Шумо аз «Белазу камаз» бой будед. Лекин ҳамаро канда бурданду фурўхтанд. Он рўз як кас фикр накард ё дар гумонаш набуд, ки мо ба ин рўз мерасем. Ё нотўғрӣ мегўм?… Бале, ҳамааш дуруст. Одам бояд дурро бинад, ояндаро андеша кунад. Бо як кас дўстӣ карданӣ бошӣ, оқибати онро фикр бикун. Фикр бикун, ки рўзе дўстатро дар нимароҳ намепартойӣ, ба ў хиёнат намекунӣ ва аз ў тамае надорӣ. Турсунзода гуфта буд: «Дўст ояд, сахт дар оғўш гир, дўстони меҳрубонро гум накун!» Агар мо тинҷ бошем, олам тинҷӣ мешавад. А, устод Сорбон?!
— Бале, Раис, «Ба номи худованди ҷону хирад, К-аз ин бартар андеша барнагзарад.»
— Ана, шунидед? Инҳо ба забони шоир мегўянд. Ман ба забони худатон мегўям, ки буфаҳмед. Саволҳо ҳаст?
«Ҳамин зиндагӣ ва қонун фақат баройи пулдорҳо ё баройи ҳама?»
— Мурод чӣ?
«Се писар дорам, ҳамашон бекор. Якташа ба милисагӣ монданӣ шудем, барор нагирифт.»
— Писарат куҷоро тамом кардагӣ?
«Ҳоло мехонад…»
Ханда дар толор. Аммо Раис ба раиси ноҳия мефармояд:
«Санҷида, аз натиҷааш моро огоҳ кунед… Тағоев Саидмурод, ана худаш, депутати шумо. Ҳама гуна арзатонро шунида, мусбат ҳал мекунад. Мо низ хизмат мекунем. Ҳоло бароятон як чизро мегўям:
Ба пулдор касе пули бедардимиён оварда намедиҳад. Баройи пул ёфтан низ меҳнат бояд кард; оби ишкамро бояд ҷунбонд.»
Ва дигарон низ аз мақсаду мурод суханронӣ карданд. Дар Мискинободи Файзобод низ пазиройиву сўҳбатҳо ба д-ин минвол гузашт ва дарёфтам, ки рўди Элок аз он ҷо ибтидо гирифта ва мардумаш аз даҳбедиҳойи Самарканд будаанд. Тухми одамӣ пароканда чун тухми гулу гиёҳ. Ва ин чиз касро водор месозад, ки боз андеша аз қисмат кунад, бавижа аз қисмат ва рўзгори иҷборийи тоҷикони рўйи Замин.

пешина
аз 393