Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Давлатбек чанд муддат аз баҳри ҳофизӣ баромада, як даст ба даҳон, як даст ба пушт мегаштааст. Чун он айём даргузашт, Раис ишора мекунанд, қасам ҳам баробари замон кўҳна шуд. Вале миёни Раис ва Давлатбек чӣ асроре ҳаст, ки дар сари «Сари пўсида»
ишораҳо меравад.
Раис саҳархез. «Ҳофиз мегўд-ку, ҳар чӣ ёфтам, аз саҳархезиву давлати «Қуръон» ёфтам». Соати чори субҳ аллакай Раис дар гармоба. Соати шаш меҳмондор. Қадрдонҳо ва ошноҳойи деринашон омадаанд ва дар толор сари хони субҳона сўҳбат доранд. Ва ман пештар аз дигар ҳамсафарҳо «Субҳ ба хайр!» гуфта медароям ва Раис боз саргаҳро нишон медиҳанд, ки нишинам. «Мавлоно Берунӣ ҷойи нишасти хешро медонанд» мегўям, механданд. Меҳмонҳо низ, ки аз ин қисса огоҳ будаанд. Вале ба сад исрор нагузаштам ба он курсӣ, ки шаб хешро ноҷўр ҳис кардам, чизе ҳам хўрда натавонистам. «Ҷойи Абдусаттор!»
Дўстони Раис мардони солашон аз шаст боло. Раис ҳазломез аз рўзгор ва зандориашон мепурсанд. Онҳо, ки дўсташонро хуб мешиносанд, механданд. Баъзеашон зани нав гирифтам, мегўянд.
— Албатта, занмурда зан мегирад, шўмурда-шў.
Пасон сухан аз зиндагӣ меравад: гоҳ аз айёми кўдакиву ҷавонӣ; гоҳ аз солҳойи корӣ, гоҳ аз айёми даргузар; замони шўравӣ; гоҳи ҷангу ҷадал; ғарибкорӣ ва замоне, ки Сайдулло Хайруллоев корманди партиявӣ буданду ободон гардониданд мулкро; ва умуман аз қисмату сарнавишти Тоҷик.
«Бой буду… Маҳмадулло буду Мирзо Раҳмат буду Акбари Махсум буду… Куҷо шуданд? Ин дунёшам ҳеҷ будааст. Бо чунин корҳо дар таърих ном мондан душвор… Хайр, ку як чиз бигўед.
Зиндагитон чӣ тавр? Ҳаҷ ҳам рафта омадед?»
— Ҳооо…
— Хешон гушна, ҳамсояҳо луч… шумо ҳаҷ рафта меоед. Ягон чиз зиёд кардед?
— Ҳооо…
— Ба «шайтон» санг задед албатта. Вале намедонед, ки дар ин дунё бисёриҳо шайтонанд. Раҳмон якта… Подшоҳ шикор меравад.
Шаб мешавад. Ҷойи рафт нест. Сари моли чўпоне меояд. Чўпон хуш қабул мекунад. Гўсфанд мекушад. Подшоҳ мебинад, ки дар пештоқи даромадгоҳи, девлох саге кашол карда. Сабаби ин ҳол мепурсад. Чўпон ҷавоб намедиҳад. Подшоҳ мегўяд: «То сабаби ин ҳол нагўйӣ, нонатро намехўрам.» Чўпон маҷбур мешавад гўяд:
«Ин саг ҷонвари хуб буд. Рўзе бо модагург биомехт. Аз ишқи он ҳаловат бурд ва рамаро фаромўш кард. Модагург нарсагро мадҳуш дарёфта ба рама дарафтид; кушту хўрду бурд. Чун ҳол дарёфтам, нарсагро зинда биовехтам… Ҳол ин аст.»
Мо ҳам баъзан ба чунин ҳол гирифтор мешавем. Чун забони хуш мешунавем ва аз ҷое суд мебинем, ҷонгарав мешавем. Ақламонро кор фармуда наметавонем; андешаву мулоҳиза намекунем; ояндаро фикр намекунем; дурро намебинем.

пешина
аз 393
навбатӣ