Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Гўё аз пеши фўкамон дуртар ҷое нест. Макка рафта омада бошед, дидед. Шумо барин то замин риш дароз мекунанд? Шумо барин аз бист газ матоъ салла мебанданд? Гўё мурӣ, ин дастор кафан мешудааст. Дар куҷо дидед, ки аз салла кафан карда бошанд? Солҳойи Ҷанги Бузурги Ватанӣ харитаро кафан карданду салларо не. (Боз малол нашавед?!
Дилам об мехўрад, мегўям.)
— Ҳақ асту рост, Раис!
— Ҳақ асту рост? Чанд-ба рафтӣ?
— Ҳаштоду шиш.
— Занат чанд рафт?
— Панҷоҳ!
— Кўдаки майдаат чандсола?
— Дар гаҳвора…
— Ана, ман медонам шуморо… Мо ба ин кор қудрат дорем.
Ин ҳам лозим. Аммо ба воят расондану тарбия карда, маълумот дода, одами дуруст шуданашро аҳамият намедиҳем. Боз хафа нашавед?!
— Не, Раис…
— «Не!» мегўеду дар дил дигар андеша доред!
— Худо якта, не, Раис! Шумо баройи халқи тоҷик кӣ ҳастед, маълум.
— Ташаккур!… Ман ба Ҷопон рафтам. Шармандаам карданд:
«Мо ҷангҳоро зиёд медонем, ки подшоҳ бо подшоҳ, душман бо душман, бегона бо бегона ҷанг мекунад. Аммо шуморо чӣ шуда, ки тоҷик бо тоҷик ҷангад; тоҷики берунмарзиву дарунмарзӣ ҳам бошад, гапи дигар. Лекин тоҷики маркази Тоҷикистон. Ду майдон ороста бо ҳам ҷангад.» Ҳарчанд гуфтаму фаҳмонидам. Сабабҳо нишон додам. Хуш накарданд. Чӣ мегўед? Факт факт аст.
Баъд депутатҳо омаданд. Абдусатторро ба пешгаҳ шинонданд.
Базеб. Хандон. Чун берун омадем, ба гўши Абдусаттор оҳиста гуфтам: «Дидед?» «Дидам.» «Шунидед?» «Шунидам.»
«Ёд гиред, шумо ҳам сарвар. Метавонед аз пас то болойи водийи Зарафшонро чунин якдил, меҳрубон ва хешу табор гардонед…»
«Магар бо мардуми мо чунин ҳазлу шўхӣ карда мешавад?
Хехиртакатонро канда ба дастатон медиҳанд.»
«О бар падаратон раҳмат… Ҳаминҳо ҳам канда ба дастатон медиҳанд. Лекин мардак тавонистааст… Зарафшон, Раштон, Бадахшон, Хатлон, Хуҷанду Ҳисор… ҳамин хел шаванд, баъд Тоҷикистон мешавад…»
«Ман моҳи сентябр шуморо ҳамроҳ мегирам, аз поёноб то болооби Зарафшонро мегардем, худатон мебинед.»
«Раис будед, ҳоким будед, вазир шудед…Чаро то ин вақт ҳамроҳ нагирифтед?»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор