Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Бинойи дуқабата. Ҳама ҷо қолӣ густурда. Дар кафшкан сарипойиҳо гузоштаанд; шоҳона. Бўйи қолийи нав меояд. Ба манзараҳойи кўҳистон ин тозагиву озодагӣ ҳусн зам мекунад. Ошёнаҳойи тагу болоро нишон медиҳад. Чунон тозаву ороста, ки пой наниҳам, мегўйӣ. Ҳама баройи меҳмонҳо. Ба қавли Раис оянда ин ҷойҳо аз Швесария мегузаронад. Фақат пул намерасад.
Дар қабати аввал хўроки шом медиҳанд. Курсийи саргаҳ холӣ.
Раис маро мегўянд, ки он ҷо шинам, вале ман мартабайи хешро, ки медонам ва ба чунин садрнишиниҳо хуш надорам, рад мекунам.
«Ман, ки гуфтам, бишинед, устод Сорбон! Кӣ будани шуморо дигарон надонанд, ман хуб медонам. «Достони писари Худо»
чизи шўхӣ нест…»
— Ташаккур, Раис. Лекин мавлоно Берунӣ ҷойи нишасти хешро медонанд. (Ишора мекунам ба қиссае, ки Раис онро медонанд:
Шоҳ зиёфат меорояд ва дар паҳлўйи тахташ як курсӣ холӣ. Гоҳи базм сойиле меояд ва рост назди шоҳ меравад. Шоҳ ўро дида, мефармояд дар ягон гўша ҷой диҳанд. Сойил дар ҳамон курсийи холӣ менишинад ва луқма мепарронад.Суханҳойи обдор мегўяд.
Шоҳ гоҳ-гоҳ дар бораи шўҳрат ва овозайи Мавлоно Берунӣ сухан мегўяд ва мардумро механдонад. Вале кўлвор аз сари зону дур намекунад. Шоҳ мегўяд: «Рафтор ва гуфтораш Беруниро монад.»
Сойил ин ҳарфро мешунавад ва посух мегўяд: «Оре шоҳ, Мавлоно Берунӣ ҷойи нишасти хешро медонад.)
— Шумо низ ҷойи нишасти хешро бояд бидонед…
Донам-надонам, ба эҳтироми Раис нишастам он ҷо. Ҷавонмарди қоматбаланде рубоб ба даст ворид шуд аз дар. Ва рў ба рў дар пойгаҳ нишаст. «Ина! Худаш омад. Ҳозир «Каллайи пўсида»-ро мехонад. Ў «Э хўш!» гуфт ва сар андохт. Пас рубобашро нохун зад. Байт хонд. Садояш ва ҳаракатҳояш баъди ҳар банд сар ба пушт андохтанаш овозу рафторҳойи Зафар Нозимро монад. «Ҳа, ин – Давлатбек.» Шинохтам.
— Ту ин нағмаҳоро мону «Каллайи пўсида»-ро бихон!
Раис таранг доранд, ки ҳофиз аз рўйи талаб бихонад. Ў гурез мекунад. Аз Мавлавӣ достонҳо мехонад наздик ба «Сари пўсида», аммо Раисро қонеъ гардонида наметавонад. Ман сарфаҳм намеравам, ки чаро Раис ин қадар иштиёқи шунидани ин маснавиро доранд. Давлатбек «хўш!» мегўяду боз хостайи хешро мехонад.
Раис ҳар хел ишораҳойи дастӣ мекунанд сўйи ҳофиз ва ў чашм мегурезонад.
— Замона дигар шуд! Хондан бигир!
Пасон дарёфтам, ки дар замони Шўравӣ баройи «Сари пўсида»-ро суруданаш ўро бурда маҳкам карда будаанд ва азобаш додаанд. Савганди сахт додаанд, ки дигар ин сурудро нахонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор