Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Олам якранг намемонад… Фикр кунед!… Обод бошед!
Шумо пай мебаред, ки ҳамин вохўрийи мо ғанимат аст? Худо донад, соли дигар куҷо ҷамъ оем?
Як саҳар Акбари Махсум занг зад, ки наздам биё. Омадам.
Гуфт, ки хоб дидам; мўйсафед савори аспи сафед омад. Ба пушташ нишонду бурд… Баъди се рўз Акбар қазо кард. Гўру чўбаш кардем. Баъд хешон аз ин ҷо рафтанд.
Шулмак. (Шояд аз шилм, шилмак - часпак бошад.) Сайдулло Хайруллоев баҳо медиҳад ба онҳо: «Одамони Шулмак касони хубанд. Ба ягон ҳодиса ҳамроҳ нашуданд. Лекин Шамс ба ҳар кор аралаш. Дар дунё як касофат бошад (ҳазли рафиқона), ҳамин Шамс аст. Ҳама мурданд, ин ҳоло ҳам зинда.»
Шамс механдад. Раис ҳам табассум мекунанд. Ҳама механданд.
Баъди хушҳол гардонидани давра ба матлаб наздик мешаванд; мақсаду муроди сафарро мефаҳмонанд. Зеро Раис бо ҳамдиёрони хеш муфассал сўҳбат карданӣ.
— Шумо ягон гап доред?
— Мо шуморо вакил интихоб намудем, хато накардем. Дар ин водӣ бисёр ободиҳо карда будед: кўпрукҳо сохтед, роҳҳоро ҳамвору тахт кардед, фермаҳо сохтед…
— Лекин куҷо шуданд он гову гўсфандҳо?
— Напурсед, Раис…
— Пурсам-напурсам, ҳама чиз равшан аст. Як пирмарди барҷомонда буд, камбағал ҳам буд. Наздам омад, ки мадад бикун. Ман ба раиси колхозашон гуфтам, ки ба пирмард як гов бидеҳ. Раис гов надод. Говаш ҳаром мурд. Боз ба раис гуфтам, ки ба пирмард гов бидеҳ. Раис гуфт: «Гов мурд». Гуфтам: «Дигарашро бидеҳ!»
Гуфт: «Намедиҳам!» Гуфтам: «Надиҳӣ, ин говат ҳам мемурад.»
Раис аз тарс ресмони говро ба дасти пирмард дод… Чӣ хел эҳтиёт мекарданд моли колхозро… Ҳоло он молҳо худ аз худ нест шуданд…Хуб, сухан аз шумо!
— Меҳмонҳо хуш омаданд, – мефармояд муаллиме. — Мо хондем ва чандин рўз аст, ки дар байни мардум тағйиру иловаҳойи дар Сарқонун воридшударо хонда, мефаҳмонем ва халқ аллакай ин чизҳоро медонад. Мо ҳама омода ҳастем, ки 22 июн сад фойиз овоз диҳем.
Муҳаммадшариф инсони аҷиб: ба хулқу хў монанд ба Раис.
Қоматбаланди чеҳракушод. Дар суханронӣ арбоб. Як миқрозро ба Сайдулло Хайруллоев медиҳад ва қайчийи дигарро ба ман, ки тасмайи сурхи кушойиши меҳмонхонайи навро бурем... Ва Раис маро пеш мехонанд ва ман эшонро. Намедонам чунин эҳтироми якдигар миёни мо дўстони куҳан кай сар зад; ҳолиё ҳурмати якдигарро ба ҷо оварда метавонем. Ба ҳар ҳол ман хешро пас мекашам ва аз китфи Раис ҳидоят ба пеш мекунам, то пойи рост аз остона дарун ниҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор