Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Дида омадед? Дидед, ки арабҳо чӣ зиндагӣ доранд? Тавоф мекунанд, намоз мехонанд, кор ҳам мекунанд. Хоҷа Аҳрори Валӣ гуфтааст-ку: «Даст ба кору дил ба ёр!» Вале кору машаққати шумо баройи дигар чиз аст: маъракаҳойи дакаданг кунаму миёни халқ ном барорам. Ин хел ном баровардан то мурдан. Баъде ки мурдӣ, касе намешиносад. Коре бояд кард, ки баъди сарат ҳам шиносанд.
Ба ҷойи хароҷотҳойи беҳуда фарзандонро тарбия кунед, хононед…
Ҳеҷ набошад аз сад кас даҳ нафараш одами аз ду ҷаҳон бохабар мешавад ва номи чанде таърихӣ мемонад. Ҳамту не, устод Сорбон!?
(Ман ба тасдиқ сар меҷунбонам ва «Достони писари Худо» гуфта китоби маро мисол меоранд ва дар ҳавойи сард маро арақ пахш мекунад.) Шумо тинҷ, осуда шавед, ҳамсоя ором мешавад; шумо доно шавед, ҳамсоя ибрат мегирад. Шумо меҳнат кунед, ҳамсоя ғайрат мекунад… ва мебинед, ки Тоҷикистон пешқадамтарин ҷумҳурӣ мегардад… Чӣ буд, набуд, Президент гуноҳи ҳамаро бахшид. Худо лакбахш; Президент ҳам… Аз ин мукофоти хубу бузург мешавад? Шумо савол надоред?
— Компутер лозим!
— Ин масъаларо Зокирҷон Вазиров медонанд!
Вазиров: «Мешавад!»
— Истеҳсоли ангиштро ба роҳ мондан лозим! Вагарна дар Кўҳистон дарахт намемонад.
— Ин аз шумо вобаста, хешон. Дар дари хонайи ҳар пилконӣ ҷувол-ҷувол ангишт хоб. Мефурўшад. Аммо баройи ҳамсоя ангишт нест. Ҳоо ҳамун гапи дар боло гуфтаам: шумо тинҷ бошед, олам тинҷ. Лекин баъзеҳо демократӣ шуд гуфта, соҳиби ҳама чиз шуданӣ. Ҳар чиз ҳад дорад. Фарёди хурўси шумо мумкин то деҳайи ҳамсоя равад; ба тамоми олам паҳн намешавад-ку! Дўғу даранги муштзўру даҳанкалон ҳам то хонайи ҳамсоя. Аз деҳ, ки берун рафт, даму нафасаш мегирад… Шумо ба бисёр чизҳо сарфаҳм меравед, аммо донистан намехоҳед… Мирзо Раҳмат дар Душанбе мурд, то шумо рафтед, ки мо гўраш кардем. Ў чӣ хел одам буд, худатон медонед. Дар Шулмак барояш хонаву дар сохтанӣ шуданд. Як рўз омад ва дар саҳни ҳавлийи нимобод як санги бегонаро дид.
Гуфт: «Ин санг аз кучо?» Гуфтанд: «Устоҳо аз боғи ҳамсоя ғелонда оварданд.» Фармуд: «Ин сангро бурда дар ҷояш гузоред!»
Ин хел одамҳо ҳам буданд… Одинаев бо як фуфайка аз олам гузашт. Лекин ў баройи ободонийи Раштонзамин, Тоҷикистон кам хизмат кард?! Шоир гуфтаст-ку: «Ту напурсу ман нагўям!»
Одинаев аз қафойи кор медавид, аз паси одамон мегашт, аз паси духтарон буд, то рафтори ноҷо накунанд, пой беҷо наниҳанд.
Ферма ба ферма, корхона ба корхона, колхоз ба колхоз, деҳа ба деҳа мегашт, ки мардум бо чӣ кор машғуланд... Шумо шир месупоридед, картошка месупоридед, себу нок месупоридед ва ба ҳар коратон ҳисобот медодед… Ҳоло хушатон намеояд ва ё дастатон раг мекашад, ки налогро супоред.

пешина
аз 393
навбатӣ