Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Булбул аз ҳаракатҳои ў бедор шуд, ки боз ба нола даромад.
Ман аз ҳикояти ў фаҳмидам, ки дурўғ мегўяд. Ў бародарашро накуштааст. Вале сари ҳар сухан гўяд, ки ман ўро куштам... Ман дар партави моҳ дидам, ки дар пешонии ў то рўи бинӣ раги хунгарде мисли тирак бардамид. Пай бурдам, ки, рост ё дурўғ, ў як бори дигар тамоми ин вокеаҳоро аз сар гузаронд. Асабонӣ шуд.
Ба гумонам маро нафрат кард. Чандин рўз ўро хушҳол дидам, вале имрўз ғамӣ шуд. Ман сабабгори ғами ў будам. Ў баногоҳ сар боло кард. Дуру дароз ба нағмаи булбул гўш дод.
Аз ў дигар чизе напурсидам. Дар ин чанд рўз феъли ўро хуш омўхта будам. Аз ў ҳар чизро пурсида ҷавоб гирифтан мумкин набуд. Аз ин рў напурсам, ки бародар чӣ шуд? Чун ўро кушт?
Кадом вақте дилаш кушояд, худаш гўяд. Вагарна мисли кўдаки зуъмӣ аз ў гап гирифтан муҳол аст.
— Хоб намекунем? — баногоҳ пурсид аз ман.
— Субҳ дамад. Баромадани офтобро бинем... Ҳикояатон таъсир кард, хобам парид.
Ў ҷавобе нагуфт. Ман ниҳоят бодиққат ба ў нигаристам. Лаби ў чойники ҷуммакпаридаро мемонд ва дандонаш мисли ашки фил намуда меистод. Ба гуфтори ў халал мерасонд. Шояд аз ҳамин сабаб ў кам гап занад. Ба ҳар ҳол ман воқеаи бародаркушиашро шунидан хостам… Хеле дер ў ба садои булбул ҳамовоз шуда, давоми қиссаашро ҳикоят кард:
— Моро ба Белоруссия бурданд. Як моҳ дарси ҳарбӣ омўхтем. Чанд бор ба номи модару бародар мактуб навиштам, вале ҷавобе нагирифтам. Фаҳмидам, ки дар ҳақиқат раис маро дидан нахоҳад.
Баъд моро ба ҷанг бурданд. Разведкачӣ будем. Либосамон аз фарқи сар то нохуни по мисли барф сафед буд. Аввал дар паси як теппача қарор гирифтем. Баъд ба саҳрои васеъ баромадем. Аз пеш ягон-ягон мушакҳои душман дар фазо бозӣ мекард ва мисли ҷанговарони ҷавонмарг аз осмон ба замин сарнагун мешуд. Мо ҷо-ҷо нишаста ба паҳнои дашт нигоҳ мекардем, ки ба рўи барфе, ки мисли матои ниҳоят васеъ тамоми саҳроро фаро гирифта буд, ягон доғе пайдо нашуда бошад. Автомат дар даст каҷпаҳлў зада, гўё чизеро интизор будем. Ногоҳ садои ғиззӣ паридани тир баромад ва дасти чапи ман гўё ки шохаи дарахтеро шикаста бошанд, қирсӣ кард.
Гумон кардам тир ба автомати ман расид. Баъд дар байни сафедии шаб доғи лоларангеро дидам. Паҳлўи ангушти сағирамро тир гирифта буд. Командир як ҷавони озарӣ буд, ба ман гуфт, ки илоҷе карда худро паси теппа гирам, дигар илоҷ нест. Ман мисли чорпоён сўйи теппа рафтам ва пас гашта нигоҳ кунам, дар паям хун нақш гузошта буд. Акнун дилам ваҳм кард. Пас аз як моҳ боз ба фронт рафтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор