Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Одами бад ба зудӣ намурад» гўянд, рост.
Ин дафъа ман аз лаби поёнам тир хўрдам. Ана нишонааш. Худо одамро ҷазо додан хоҳад, ҳамин хел ҷазои бад диҳад. Ҳамин хел масхара кунад. Дар госпитал хоб рафта, шифо ёфтам. Боз ба ҷанг рафтам. Акнун давраи ғолибияти мо буд. Мо мисли аспҳои маст, тамоми майдони немисҳоро помол карда мерафтем. То Берлин расидем. Вале Рейхстаг ба осонӣ ва зуд ба даст наомад. Немисҳо хуб истодагарӣ карданд, диданд, ки нашуд, маҷбуран таслим шуданд. Ман дар қуллаи Рейхстаг парафшон шудани ливои зафарро дидам, тамоми хунрезӣ ва кушокуширо. Дар ҷанг беқадр будани одам ва ниҳоят, қадри одам ва ёру дўстро он вақт донистам.
Дар бозгашт хаёл карда омадам, ки гуноҳи худро шустам.
Ба назди модар, бародар ва мардуми диёрам сарбаланд рафта тавонам.
Вале бародарамро дар деҳа пайдо накардам. Ба гапи мардум бовар намекардам. «Ў аз ман гурезад. Рў ба рў шудан нахоҳад»
гуфтам ба худ. Фарзандҳои бародарам ва янгаам бекас монда буданд. Модарам ҳам бекас монда буд. Мани бо як шинели қоқ аз ҷанг омада ба онҳо ёрмандие карда натавонистам.
Ба гапи мардум бовар накарда ду сол интизор шудам, ки бародарам пайдо шавад. Пайдо нашуд. Маро раис таъйин карданӣ шуданд. «Не» гуфтам. Ба ҷои бародари зиндаам шиштан нахоҳам, гуфтам. Вале ҳама мардони ба ҷанг рафта барнагаштанд, одам нест, гуфта маро раис эълон карданд... Ин фалак одамро мисли гард бозӣ доронад...
Мардум надонанд, ки ман қотил ҳастам, бародаркуш ҳастам...
Ҳамон рўзе, ки маро ҷустуҷў кардаанд, ҷуволи гандумро, ки ман дар коҳдон зери кох карда будам, ёфтаанд. Бародарамро ҳамчун дузд ва хоин...
Дидӣ, писарам, одами хуб чӣ хел бе ҳеҷ гуноҳ бе ному нишон мешавад, вале мани бад ҳоло ҳам зинда... Ҳама чизро ёфтам. Раис ҳам шудам. Ба нафақа ҳам баромадам. Вале...

пешина
аз 393
навбатӣ