Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Якбора чор нафар аз ду тараф ба даҳони камар ҳозир шуданд.
Ман ҳатто камони дастамро бардошта, натавонистам. Чашмони камнургаштаам раисро ҷустанд. Вале худам надонам, ки чаро маро ҷўянд. Барои куштан ва ё барои ба оғўш кашидан. Вале ў набуд...
Онҳо маро дида ҳайрон шуданд. Зеро ман мисли раис сару тан пўшида будам…
… Маро дар деҳа нигоҳ надоштанд. Ба район бурданд. Ман аз онҳо хоҳиш карда «як бор раисро бинам, гап дорам» гуфтам.
Вале онҳо ба ман расонданд, ки раис туро дидан нахоҳад... Аз куҷое зане парешонмўй ва хунолудруй ба дари комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуд. Ман ўро аз тиреза дидам. Дида худро ақиб кашидам.
Шарм кардам.
Дер вақт гузашт. На касе ба ман ягон чиз мегуфт ва на модарамро назди ман меовард. Ман нахостам, ки бо модарам рў ба рў шавам. Вале инаш ҳам маълум набуд, ки онҳо бо ман чӣ хоҳанд кард. Фақат гуноҳи худро донистам. Гуноҳи авфнопазир буд.
Донистам, ки суд мешавам, суди... Дар ҳамон ҷо бо модарам ва ниҳоят бори дигар бо бародарам — раис рў ба рў хоҳам шуд. Ман забони гуфтор надорам ва ба ҷои ман раис ҷавоб диҳад...
...Ҳама гумонам хато баромад. Маро пас аз чанд рўз ба аскарӣ фиристоданд.
«Ганда бошад, ҷазояшро бо чашмонаш бинад» гуфт сардори Комиссариати ҳарбӣ.
Рўзи гусел модарам омада буд. Ман ўро дидам. Вай мисле ки аз гуноҳи ман даргузашта бошад, ба сўям фарёд назад, балки илтиҷоомез нигарист. Ба назди ў қадам задам. Ў чизе нагуфт, нагирист. Сари маро байни кафонаш дошта, ба чашмонам нигоҳ кард. Ман ларзидам. Гумон доштам, ки ҳозир як торсакии обдор ба баногўшам мефарорад. Сари маро пеш кашид ва аз пешонаам бўсид. Аз ҳаяҷон ашкам ҷорӣ шуд. Ман ҳам ба ў чизе нагуфтам, дурусташ, чизе гуфта натавонистам. Модарам бо кафи дастони аз зарби кор ва офтоб сиёҳу сахт шудааш қатраҳои ашкро аз рухонам пок кард ва аз китфам дошта бо назокат ба пеш ҳидоят кард. Ҳеҷ чиз нагуфт; на фотиҳаи нек дод ва на дуои бад кард.
Ман ба мошин нишастам ва ҳангоме ки мошин ҳаракат кард, боумед даст ба дуо бардоштам. Модарам кафи дастонашро боз карда ба рўй кашид.

II

Пойҳои ҳамсўҳбатам хунук хўрд, ки онро аз оби ҳавз берун
гирифт. Оҳиста гирифт, то моҳиён аз хоб бедор нашаванд. Вале
моҳи пурра, ситораҳои муҷалло ва сояи шохаҳои маҷнунбед аз
оинаи ҳавз гум шуданд. Ў бархест. Мўзаашро ба даст гирифта, омада болои кат нишаст ва пойҳояшро бо кўрпача печонд.

пешина
аз 393
навбатӣ