Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Баъд фикр кардам, ки дар пеш зимистон аст ва беҳуда чакманро партофтам. Тиркашро зери сар ниҳода каме ба ғанав рафтам, то қусури бехобии шабро барорам. Садои саг маро аз хоб бедор кард. Баъд дар даҳони камар ду саги хирспайкари сиёҳу тарғилро дидам. Онҳо думак зада ягон-ягон «аф» мегуфтанд. Баъди фурсатҳо садои фурў шудани рези кўҳ ва оҳиста-оҳиста шикастани қумоду хасҳои хушк баромад. Акнун сагҳои чўпонӣ намеҷакиданд, балки дум меликконданд. Гўшам як садо доду баъд ҷеғ зад. Худро гум кардам. Боз ба худ омада, далер шудам. Камон бардоштам, то сагҳоро парронда аз ин ҷо бароям, вале аз чўпонҳо бим кардам.
Ҳеҷ чизро надидаам ва чизеро пай набурдаам, вале худ аз худ дасту поям суст шуд ва мисли роҳзане, ки пас аз «корнамоиҳо»-и зиёде ба дасти зўроварде афтида бошад, оҳ кашидам. Чунон оҳи пуралам ва пурҳасрате кашидам, ки гўё он камар барои ман гўр мешуда бошад. Ба назарам камар мисли ҳалқаи дор танг шудан гирифт ва гулўям дигар роҳи нафас надошт. Ин дасти худам буд, ки гулўямро буғӣ мекард. Аз афташ, дар дилу майнаам шайтон ҷой шуда, панҷаҳоям ба гулў монда буд, то худкушӣ кунам. Худам ҳам намехостам, ки зинда бо хешовандон рў ба рў шавам. Набояд онҳо рўи чиркини маро бинанд. Ба сарам зад, ки раис аз паи ман афтида бошад ва куҷо рафтанамро дида бошад, оворагардӣ ва ваҳшониятам анҷом пазирад.
Бари ёна ҳар хел садоҳо дошт: садои шикастани шохчаҳо, садои ғелида ба поён рафтани сангҳо ва ба ҳам бархўрдани онҳо.
Сагҳо дум ликконда чашм аз ман намеканданд ва дили ман бозӣ дошт. Як газ нон ҳам надоштам, ки ба сагҳо партофта, бо худ ошно созам ва оҳиста аз камар бароям. Ҳеҷ чиз надоштам ва ғайр аз пул; ҳамин пули ҳаром маро ба дом афтонд. Ман ҳам гушна будам, хам бемадор ва ҳам хомхоба. Дам гирифта, баъд ба сайд баромаданӣ будам, ба худ ризқу рўзӣ меҷустам… Ҳама нақшаҳоям барбод рафт. Акнун як роҳ монда буд; агар раис маро таъқиб карда бошад, бояд ўро бикушам. Аз рўи шунидаҳоям дар фронт лаҳзаи оромӣ набуд, вале кўҳистон ончунон ором, ки кас садои тапиши дили худро шунавад; аз қуллаи кўҳ сайде гузарад, маълум шавад. Аз кадом хамие кабке сарояд, ба гўш расад. Чунин оромӣ ва хомўшист. Ният доштам, ки раис бо ман рў ба рў шавад, ҳамин хомўшии кўҳистонро вайрон кунам. Дар камон тир ҷой карда будам. Сагҳоро ҳам фаромўш карда ба ду гўшаи камар нигаристам, ки аз кадом тараф саре намоён шавад.
Чўпоне аз паҳлўи сагҳо гузашт, асояшро ба буттаи вағнич зада гузашт, ба ман ва ҳатто ба сагҳо аҳамияте надода гузашт.
Ман ўро нашинохтам. Баъд дилам хеле таскин ёфт. Бархостам.
Сагҳо безобита шуда дасту пой ба ҳамдигар наздиктар монда, барои ба ман ҳуҷум кардан омода шуданд. Мадори поям рафт, боз нишастам. Ман умедамро гум кардам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор