Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чӣ кор бикунам? Вай лаҳза ба лаҳза наздик меояд.
«Наё!» – хитоб кардам, вале ў намефаҳмад, ки ман чӣ мегўям.
Гўё ман ба забони одамӣ ҳарф мезанам ва ў намефаҳмад. «Наё!
Ин ҳама фиреб аст!.. Ҷела, камон!» Ва ў қабул намекунад; хондахонда ва хандида-хандида меояд. Не, ман саҳв кардам: ханда не, балки пурсида-пурсида меояд. Ман аз доми Оташбасар метарсам, аз камони ў хавф дорам, барои ҳамин кӣ будани худро ба вай намегўям, ки парида омада, ба коми аҷал надарояд. Ҳамту мехонам, аз хушбахтии худ мехонам, ки барои дону об рўзҳои дароз такопў надорам. Аз бахти баландам меболам, вале ҳамин қафас ҳам намебуд... Баъзан дўғу даранги кабкҳои мастро шунида мехонам, ки ман аз онҳо наметарсам; баҳси суруд кунанд – баҳси суруд ва агар ҷанг хоҳанд – ҷанг... Аз ҳама бештар аз ҳарфи Оташбасар тарсида мехонам, ки кабки беҳунар – зери палов, мегўяд. «Наё!» мегўям ба ў. «Қағ!» – садо медиҳад ў – «Номаъқулӣ накун!» – мегўяд. Ва ман ҳам чунон «Қағ!!!» гуфтам, ки тамоми кабкҳо хомўш шуданд. Ва дар ҳамин фурсат худро ба сақфи қафас мезадам; ба сар мезадам, ба тахтапушт мезадам ва имкон медошт, хез карда ба поям низ мезадам. «Наё!!!» – сахт садо баровардам. Садои очаам омад, ки наздики наздик буд. «Қағ!!!» – тарсонданӣ шуда, баландтар садо додам. Ва боз пуршаст худро ба сақфи қафас задам. Задаму задам.
Қафас аз ҷояш беҷо шуд ва тагқафасӣ канда шуда, дар ҷояш монд.
Берун баромадам. Ман бояд зудтар парвоз карда, дуртар равам, то ки очаам садоямро шунида он ҷо равад... Пуршаст давидам, ки якбора... не, болҳои қолабгирифтаам имкон намедод, ки дур парвоз бикунам. Пойҳоямро ба замин тира карда, ҷаҳиданамро медонаму баргашта ба замин заданамро. Гарданам ба ҳалқа омада буд. Боз ҷаҳидам, боз ба замин задам...
Кўҳсор хомўш буд, ба ҷуз тапидани дилу тани ман дигар садое шунида намешуд. Ҳаминро ҳам танҳо ман мешунидам. Ман ба доми Оташбасар афтодам, вале хурсанд будам, ки очаам озод монд. Ёд дорам, ки барои ба дом наафтидани чўҷаҳояш вай чӣ ребу найрангҳое карда буд, то моро эмин гардонад. Ман ҳам ба мақсади ба дом наафтидани очаам ҳила карданӣ шудам...
Оташбасар паст-паст сурфида омад. Ман ўро дида, боз як бор ҷаҳидам ва баробари ба замин заданам бо кафаш маро пахш карда ва ҳалқа аз гарданам бардошта, тори сари маро сила карда, хуни дасташро баргашта ба танам пок кард ва маро ба бағал андохта, хам шуда ҷелаҳоро аз нав ба тартиб овард ва кабки қафасро хабар нагирифта, зуд даруни арча ҷо шуд. «Бихон, ҷонвар! Кабкҳо дур нарафтаанд, зудтар бихон!» гуфт ва миёни забону ком садо баровард. Вале садое нашунид. Хеста ҷониби қафас рафтанӣ шуд, вале ман халал расондам: безобита шудам. Ў бознишаст, ки маро аввал сар занад ва баъд давоми корашро бинад.

пешина
аз 393
навбатӣ