Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Боз маро баровард, ба сари хунолудам нигарист, вале думи қатгаштаамро намедид, ки дар он қафаси танг ҳоли ман чӣ шудааст. Кордро баровард.
Чашмонам бозӣ карданд. Аз нўлам гирифта, сарамро ба пас бурд, то бибурад. Корд дар гулўям монд. Ман чашмонамро напўшидам, вай ҳайрон шуд, китфон дарҳам кашид, баъд нўли дарозамро дид.
Якбора сари ба пас гардондаамро сар дод. Пару боламро хабар гирифт, кушода дид ва ҳама ҷоямро аз назар гузаронд ва «ҷонвар, қариб сар бурида будам» гуфт...
Садои шиносе омад. Безобита шудам. Он қадар, ки вақти дар гулўям корд мондан ин қадар безобита нашуда будам. Мабод, ки очаам ба доми Оташбасар афтад...
КАБЎТАРИ СаФед
Дар ин ғояти шаб қисми зиёди мардуми шаҳр хоб мераванд; махсусан онҳое, ки рўзона кор мекунанд. Вале шаббода садои мусиқӣ, дойира ва суруди ҳофизонро аз тирезаи кушод ба хона меоварад. Шояд айби шамол бошад, ки садоҳо пасту баланд мешаванд, наздик меоянду дур мераванд. Ин оҳангҳо тамоми шабҳои тобистон такрор мешаванд. Ман гумон дорам, ки дар кадом тарабхонае ҳар шаб тўе барпо мегардад, мардум ба мурод мерасанд, хурсандӣ мекунанд. Вале оҳангҳо вакте оғоз меёфтанд, ки ман ҳама ҷоро сомон карда, дар вақти ором шудани шаҳр ба сари миз менишастам. Қалами дастам, гўё ки об мешуда бошад, ба рўйи коғаз дароз мекашид. Дар чунин ҳолатҳо оҳангҳо ба ман хуш меомаданд. Оҳангҳо забон надоштанд. Вале ҳамчун таърих буданд. Як давраи пуразоби бечорагӣ, мотам ва нохушиҳоро ҳикоят мекарданд ва баъзан аз кадом базмҳои ҷамшедӣ қисса мегуфтанд. Ҳамчунон мегуфтанд, ки дар зери онҳо садои нола шунида мешуд ва баъзан овози ҳофизон ҳамчун забардастон ҳар гуна мусиқии шўх ва ҳазинро беномунишон мекард. Ва ман ба чунин овозҳои дағал, ки гўё аз кадом хуми холӣ бурун меомада бошанд, нафрат мекардам. Хашмгин мешудам, ки чаро маъниҳои нозук ва дилангези мусиқиро мешиканад? Чарою чаро? Ин оҳангҳо баъзан маро дунёбезор мекунанд. Худ ба худ савол мекунам, ки ҳамаи ин чӣ лозим? Чӣ лозим, ки ман пагоҳ барои ду пула гап бо хурду калон сурху сафед шавам. Чаро як ҳамкорам дигареро дар назди ман бад гўяд, дашном диҳад, фурўшад ва боз бо вай як ҷо нишаста хандида гап занад ва ман ба ҳамайи ин тоқат кунам, бетараф истам? Оё барои ҳамин ба дунё омадаам? Ва ҷумла халоиқ барои ҳамин халқ шудаанд. Пас зиндагӣ чӣ лозим? Агар ман донам, ки як рафиқи ман барои ҷони ман мўҳтоҷ аст, ҷони ман фидо шавад, ў амон мемонад ва агар ман аз ин саркашӣ кунам, барои кӣ зиндагӣ мекунам? Барои худам? Он гоҳ ин хел зиндагӣ ҳам лозим нест. Ман ба ҳар ҳол роҳи зиндагиро ёфта наметавонам.
Вале одамоне ҳастанд, ки роҳи зиндагиро меёбанд. Онҳо худро ба парвезан меандозанд ва чунон мешавад, ки баъзан аз чашмҳои парвезан мегузаранд ва баъзан дар мемонанд, дар ҳар ду холат ҳам зиндагӣ мекунанд, вале намедонанд, ки барои чӣ?
Шояд чанд ҳавлӣ аз мо дуртар ҳар шаб тўй нашавад. Шояд ягон кас роҳи дилхушии зиндагиро дар ин мусиқӣ донад? Вале чаро ин қадар новақт?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё