Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар вуҷудам як хурўше пайдо шуд, ки ягон кабки дара надошт. Чунон мастӣ мекардам, ки ҷуз садои худам садои дигареро намешунидам. Ва боз парт-парт боло ҷаҳида, ба замин задани кабке маро аз хониш боздошт... Овози ширини очаамро аз садои дигар кабкон фарқ карда натавонистам.
... Ҳамин тавр ман кабки буттагӣ шудам ва ном баровардам.
Оташбасар намедонист, ки қафасамро куҷо овезад. Беҳтарин чизҳо:
мағзу наволаю нахўду мошу мавизи сиёҳ хўроки ман буд. Вале дар ин миён Оташбасар нағмаи нав баровард. Вақте ки авҷ карда даруни буттаҳо мехондам, садои тир баромад. Гумон кардам, ки маро паронд. Садоям дар гулўям шикаст... Ў аз миёни арча баромада, кабки мурдаро бардошт ва назди ман омад. Ва ҳамон коре, ки бо кабки аввал карда буд, бо ин кабк низ кард: сари онро аз ҷойи донхўраи ман даровард. Ман худро пас кашидам.
«Мурдаро намезананд» мегуфтам ба ў, вале намефаҳмид. Суханҳои аз худашон шунидаамро мегуфтам.
Зуъми маро дониста, қафасро бардошта ҷойи дигар бурд. Дуртар, гўё ки кабкҳои поён аллакай намедавида бошанд. Вай лаби чашмае нишаста нону об хўрд, ба донкосаи ман об ва мағзрезаҳои нон андохт. Ҳалқам тар шуд. Боз ба хондан даромадам, вале ў намехост, ки ман ҳоло бихонам. «Ғулом!» – гуфт ў ва зуд қафасро бардошт, ки ба дигар ҷой барад. Ў боз роҳро дур кард. Ба назарам он қадар дур шуд, ки рўзи аввали маро дошта оварданаш ҳамин хел мегашту мегашт ва ҳеҷ ба манзил намерасид. Хурўшу хоҳиши хондан доштани маро дониста, аз зери ҷомааш намебаровард, балки ман дар пушторааш, хаму рост шуда, ҷела мекашид ва аз рўйи рафтораш умеди зиёд дошт, ки сайдаш дар ин ҷо барор мегирад.
Хонданам меомад, вале ў «пишт-пишт!» гуфта, ба таги қафас якто мезад ва китфонашро низ ҷунбонда мемонд, ки ман такон хўрда, дами дарун шавам. Боз қафасро даруни бутта гузошта алафпўш кард. Барои фаҳмидани вазъи кор садо баровардам. Шояд қиёми рўз бошад, ки ягон садо набаромад. Боз хондам. Хондаму хондам.
Якбора бе ҳеҷ огоҳӣ аз наздик кабке зоғсурат «қағ» гуфт. Яқин, маро тарсонданӣ буд, вале ман ин зайл садоҳоро бисёр шунида будам, натарсидам. Фурсати хонданам нашуда буд, ки садои ба ҳаво ҷаҳида, ба замин задани кабке баромад. Оташбасар тайёр будааст, ки кўтоҳакак сурфида, кабкро зери панҷааш пахш кард, дигар садои тапидани он намебаромад. Ва ҳамин вақт садои модакабки пире омад, ки хастаю бемадор мехонд. Баданам карахт шуд, ёрои ҷавоб надоштам. Бадиққат гўш додам. Садои шинос:
аввалин садое, ки ба гўши ман расида буд, ҳамин зайл як садои форам, гуворо ва ширин буд. Ба назарам, аввал овози ў ғарибона ва заифона расид, вале оҳиста оҳиста гиро, бурро ва боло шуд...
На, ин модари ман нест. Модари ман мешуд, овозамро мешинохт.
Шояд ман ба лаҳни чўҷагиам мехондам, ў маро мешинохт, ман, ки мардона мехонам, намешиносад, вай ҳеҷ гоҳ садои маро ба ин гироиву расоӣ нашунидааст ва гумон ҳам намекунад, ки ман фарзанди ўям.

пешина
аз 393
навбатӣ