Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Ростӣ, ҳеҷ гуна таълими ҷанг, зўрозмойиро наомўхтаам ва қасдам бар ин нест...
... Ногаҳ тапар-тапаре баромад; баъзе кабкҳо тарсида, фиғон бардошта, парида рафтанд ва дигарон чунон хомўш шуданд, ки аслан вуҷуд надошта бошанд. Ман ҳайрон мондам. Чӣ будани ин корро надонистам. Кўҳсор хомўш, кабкҳо хомўш, ман хомўш, вале дилам беқарор... Садои сурфаи Оташбасар баромад. Гумон кардам, ки оташи тори сари ўро дида, кабкҳо парвоз карда рафтанд. Вале ҳамин вақт чанд кабки дигар, ки миёни буттаҳо будаанд, фир-фир парида, «ғичу-ғичу-ғичу!» садо дода, дур рафтанд.
Вале як кабк боло мепариду ба замин мезад; метапид. Оташбасар сурфида-сурфида, омада онро пахш кард. Кўҳсор хомўштар шуд. Вай хеле ҳаял кард. Ва баъдтар садои сурфааш баромад.
Назди қафас омад. Вай дониста месурфид, ки ман нахўсам, натарсам. Назди қафас нишаст, алафи болои донкоса гузоштаашро гирифт ва сари кабкро аз болои донкоса дарун кард. Мақсадаш чӣ буд, намедонам. Гумон кардам, ҳамоне ки ман даъват мекардам, ҳамин буд. Оташбасар сари онро меҷунбонд ва як навъ таҳдид ҳам мекард. Вале ман намедонистам, ки чӣ кор кунам. Худро ба кунҷи қафас кашидам ва қарор истодам. «Монда шудӣ?» – даҳон кушода, ҳалқак задани маро дида гуфт ў ва боз болои донкосаро маҳкам карда рафт. Ростӣ, дигар ҳаваси хондан надоштам. Хап истодам. Мазмун, вай ба танг омад, ки миёни забону ком «кикиркикир» садо баровард. Вай мехост, ки ман боз хонам ва муроди ў ҳосил шавад. Намедонам, аз куҷо зуъме дар гулўи ман банд шуд ва наметавонистам, ки бихонам. Кабкҳои атроф низ намехонданд.
«Мурӣ, беҳтар нест?» – бе ягон сурфаю садо болои сарам пайдо шуда гуфт ў. «Гумон кардам, ки шағол хўрд», – давом дод ў ва ҷомаашро болои қафас сахт партофт. Дигар овозаш намебаромад... Ман акнун фаҳмидам доми фиреби ўро: ба воситаи садои ман ҳамҷинсони маро дошта, ҳабс мекардааст ва мекуштааст…
Ин кори ман не; хиёнат накунам ҳамхунонамро…
Аз дур садои кабке баромад. Ба назарам, ки барои ман мехонд.
Бетоқат шудам. «Ғуҷ-ғуҷ» кардам. «Дамата гир!» садо баровард ў, вале ман худдорӣ карда натавонистам, зеро овози шинос баромад овози очаи ман… Беихтиёр ба хондан сар кардам.
Вай хомўш буд, чизе намегуфт. Ба кори худаш банд буд, ки ба ман эътиборе намедод. Сонӣ садои сурфаи пасти ў баромад.
Оҳиста ҷомаро бардошта, боз дур рафт. Ба хондан гирифтор шуда, ўро фаромўш кардам. На барои ў, балки барои шавқи худам ва ба ҷавоби хониши кабкони дигар мехондам. Дам нагирифта мехондам. Шояд очаам пештар омада маро раҳо кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё