Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дандон месойид. Ҳайрон мешудам. Ҳайрон мешудам, ки ин қадар маро навозиш мекард, парвариш мекард, пишт-пишт гуфта, рўйи қафас тап-тап зада метарсондам ва акнун барои чӣ ғазаб мекунад, сари ҷаҳл рўйи қафас омадааст. Агар сабаби ғазабашро фаҳмам, мадад мекардам. Вай, ки аз рўйи донкоса алафро бардошта буд, сар бароварда, ба донкоса нўл мезадам.
«Дамат дарун зад?!» – як мушт ба тори қафас зада гуфт ў. Сари аз қафас баровардаамро дарун кашида, аз тарс даруни қафас гирд гаштам. «Туро чӣ бало зад? Булбул будӣ-ку!» Фаҳмидам, ки гап дар куҷо будааст.
Хондан лозим будааст. Саройидан. Лекин ў чунон ваҷоҳату сиёсат дошт, ки садо дар гулўям печид. «Ғуч-ғуч, ғуч-ғуч!» – сарахбор кардам. Ў каме худро пас кашид.
«Қақу бақ» – садо додам.
«Ҳа, балота гирам!» – ба гўшам мегуфтагӣ барин овоз баровард ў ва зуд буттаро боз ба ҷояш гузошта, дур рафт. Гумон кардам, ки ба ҷелаи гузоштааш худ меафтад, вале ў домони ҷомаашро бардошта ва пояшро низ кушоду баланд бардошта, аз болои доми ниҳодааш озод гузашт ва аз назари ман ғайб зад. Даруни қафас гирд гашта, ба таври худам атрофро аз назар гузаронидам, сонӣ паст-паст, вале тўлонӣ садо баровардам, ки дар наздикиҳо ҳамҷинсонам бошанд, садои маро бишнаванд. Ба хусус очаам ё ҳамтанонам бошанд, дарак диҳанд. Бодиққат гўш андохтам, ки аз куҷо садо меояд. Ё тарзи хондани маро тақлид мекарданд ва ё хоболуд буданд, ки аз садои ман ҳам пасттар мехонданд. Аз наздикиҳо мехонданд. Ва ҳамин ки ман як бор садоямро баланд кардам, онҳо чунон ба хурўш омаданд, ки гўё тамоми кўҳистон месаройид. Аз нағмаашон маълум буд, ки кабкҳои мода бо як муҳаббат саройида, оҳиста-оҳиста ҷониби ман меомаданд. Диққат медодам, ки садои очаам ҳаст ё не? Фарқу муайян карда намешуд; хеле бо меҳру муҳаббат мехонданд. Вале кабкҳои нар дўғмаст буданд; пуршаст, батаҳдиду таъкид мехонданд, мисли зоғ «қағ»
мегуфтанд, ки аз садояшон тарсида, хап шавам. Вале дар вуҷуди ман як ҳиссиёте пайдо шуд, ки худамро дошта натавонистам:
мехостам аз он кабкони масту пурпўписа баландтар, пуршасттар ва ҷигаркан хонам. Аммо намедонистам, ки ҳар қадар пурғазаб ва гиро хонам, ҳамон андоза ба ман таҳдид зиёдтар мешавад. Баъзе садоҳои баланду ғазаболуд ва ҷангталабро як ё ду бор шунида, гум карда будам. Ва ҳамин ки гардан ёзида, минқор ба сақфи қафас расонида ба хондан сар кардам, аз наздикиҳо, аз атрофи ҷела «қағ, қағ, қағ!» садо додани кабкҳои пурзўр баромад. Аз овозашон шинохтам, ки онҳо ҳамон кабкони ҷангталабанд, довталабанд; аз шасту довашон бармеояд, ки худро соҳибони мутлақи кўхсор медонанд. Онҳо ҳамагона ҳамлавар шудаанд, ки мани мусофир ва барояшон бегонаро аз ин манзил зада дур кунанд. Вале ман худро бегона намедонам, ба онҳо дўғу пўписа ҳам надорам; як навъ мусобиқаи овоз дорам ва мехоҳам, ки бо ин роҳ ошноӣ кунам.

пешина
аз 393
навбатӣ