Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Намедонам, ки мақсади ў чӣ буд, вале акнун мувофиқи хоҳиши дилам мехондам. Аз дуру наздик садои хониши кабкон баромад. Кўҳистон бедор мешуд, субҳ медамид.
Кабкони дара ба ҳар лаҳне мехонданд. Ман лаҳзае хондани худро фаромўш кардам, ба садои онҳо диққат додам, то хонданро ёд гирам, онҳо чунон мехонданд ва чунон хурўш мекарданд, ки оҳанрабо барин маро ба сўяшон мекашиданд. Аз қафас баромада, наздашон рафтанӣ мешудам, вале қафас қафас аст, то раҳо накунанд, баромада намешавад. Кабкони дигар баҳсобаҳс мехонданд.
Қаҳ-қаҳ мезаданд, зоғ барин «қағ» мегуфтанд: ман ин садоро медонам: кадом вақте ки чўҷабарак болои сари мо давр зад, очаам ҳамин тавр садои талху тунд мебаровард, ки ҳушёр бошем, худро эҳтиёт кунем. Вале «қағ» гуфтани кабкҳои кўҳсорро намедонам, ки барои чӣ бошад. Шояд аз ман хавф бурда бошанд, ё овози бегона ба гўшашон сахт расида бошад. Онҳо мехонданд, саволу ҷавоб барин. Ман хомўш будам...
Арчаи чанд қадам аз ман дур ларзид, шоху шиббааш ҷунбид.
Аз байни алафҳои рўйи қафас базўр намуд, ки ў оҳиста аз даруни шиббаҳо лағжида баромад.. Ба замин дароз кашид ва синамол пеш омад. Барои чӣ ин хел меомад, намедонам. Гўё аз касе ё чизе худро пинҳон медошт ва ё намехост, ки чизе аз ў ҳаросад. Ман рафтори ў ва мақсади ўро намефаҳмидам. Умуман мақсади ў аз ин ҷо овардани ман чӣ буд? Худаш медонад. Вай омад-омаду рост сўйи ман нигарон истод. Ман ҳам якрўя истода, бо як чашмам базўр ўро медидам, вале ў маро дида наметавонист, худаш бо алаф болои маро пўшида пинҳон карда буд. Ман қоматамро рост кардам, ки бинадам. Намедид, нўл зада, алафи болои қафасро дарун кашидам, ки намоям. Ў боз ҳам надид ва наздиктар омад.
Ғуч-ғуч кардам. «Гумон кардам, ки мурдаӣ!» – овоз баровард ў, ки ба қафас наздик омада буд. Ман туро барои тамошо наовардаам, ҳайвон!» Акнун фаҳмидам, ки ба ман мегўяд. Одамаш ачаб махлуқе будааст: на ба гармо тоқат дорад, на ба сармо: чанде пеш «нахон»
гуфта таҳдид мекард, акнун намехонӣ гуфта, ҳақорат дорад. «Ғучғуч!» вақтҳои хўрок доданаш ҳамин тавр садо мебарорам... «Мур, ғуч-ғуч накарда!» Шўхӣ набуд, сахт буд ин ҳарфаш. «Кўрнамак!»
– сахттар буд. «Себама хўрдӣ, ғоз те» гуфтаанд. Гумон кардӣ, ки боз ба донкосаат обу дон меандозам? Хока хўр!» Дар ҳақиқат донкоса холӣ буд. Гумонам, ки чун ҳамеша дону обам медиҳад, ғуч-ғуч кардам.
Вай гўё ки дар роҳ садди хавфноке бошад, ҷунбуҷўл карда, боэҳтиёт гузашт. Назди кафас омад, як бутта алафро бардошта маро дид. Ман низ ўро хеле хуб дидам; акнун аз тори сараш не, балки аз чашмонаш оташ меборид. Пурғазаб буд, вале барои чӣ ман аз ў худро намекашидам, баръакс, ноз карда бар қадди қафас меҷаҳидам. Эркагӣ буд, ноз буд. Ҳамин хел фикр мекардам.

пешина
аз 393
навбатӣ