Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Сер бошам ҳам, дон мехўрдам, ташна набошам ҳам, об менўшидам. Не, намешавад, бояд ки нўл занам, вагарна хуморам намешиканад. «Чу-чу!» садо медиҳанд онҳо. Шояд модарашонро ёд карда бошанд ва ё аз дур шудани ман ҳамин хел кунанд. Ба ҳар ҳол ман барояшон сардор барин будам. Гумон карда будам, ки аз рафтани ман хурсанд мешаванд, вале акнун фаҳмидам, ки ба ин тоифа, азоб диҳад ҳам, сарвару раҳнамо лозим будааст.
Садои ман аз чўҷа дида ба кабк монанд мешуд: чу-чуро монда, ба кикир-кикир гузашта будам. Оташбасар махсус ба садои ман диққат медод ва ҳавасманд буд, ки бештар хонам. Агар аз кор бозгардад ва бинад, ки хомўш ҳастам, забон ба ком часпонида кабкона мехонд, то хониши маро биоварад. Некиҳои ўро хотир карда хоҳишашро иҷро мекардам, мехондам, баланд-баланд мехондам. Ў завқ карда мехест ва аз пайи рўзии ман мешуд: ба малаху гандумреза қонеъ нашуда, бароям нахўди тар, навола ва мағзу кучула медод.
Сихпарҳоям рехта, пари ало баровардам. Сонӣ пари алоям ранги сиёҳ гирифта ва расо шуда, ба кабк монанд гаштам. Вай хурсанд мешуд. Ба назарам, ки ў маро нағз мебинад, барои ҳамин ин қадар шодӣ мекунад. Пўсти по дарида, пих бароварданамро дида боз шодтар шуд. Вале ҳайрон будам, ки чаро ин қадар вай масрур аст.
Ў қафаси маро аз хок бардошт. Ба дори хона овехт, ба рўяш як кўҳнакуртаи занашро партофт, ки торик шавад, то садои кабкони дигарро камтар шунавам ва атрофро камтар бинам. Ман ин мақсади ўро танҳо вақте фаҳмидам, ки аввалин бор маро «буттамонӣ»
бурда буд; ба кўҳистон, ба ҳавои кушод бурда буд. Хонданам меомад. Ҳоло субҳ равшанӣ накарда буд ва аз ягон тараф садое низ намеомад. Ман хурўш мекардам, хонданам меомад, вале ў ба рўйи қафас тап-тап зада, «пишт-пишт!» гуфта маро аз даҳшати Мияв метарсонд. Ва ман гумон мекардам, ки Мияви сиёҳ ҳамроҳи ў омадаасту дар ҳамин ҷо ҳам намегузорад, ки ором бошам. Вай «пишт-пишт!» мегўяд, ман хомўш мешавам, вале лаҳзае нагузашта боз хурўш кардан мехоҳам. Намедонам, ки барои чӣ, вале ҳаваси хондан дорам… Шояд барои шунидани овози очаам бошад… Баъд ў ба тори қафас тап-тап зада намегузорад, ки хонам...
Нияти ў дигар будааст: ҷомаашро аз рўйи қафас бардошта, қафасро миёни буттаи ғулӣ ҷо кард ва ҳоло ҳам намегузошт, ки бихонам, «пишт-пишт!» мегуфт ва ҳамин ки алафи зиёдеро болои қафас гузошта маро аз чашми ҳама пинҳон кард, дигар садояш набаромад. Канор рафт. Ман хеле вақт хомўш монда, ба атрофи тирафом назар мекардам ва чизеро намедидам. Як бор тарсидаю ваҳмида, садои паст баровардам, ки ў боз хондани маро манъ мекунад ё не. Вай хомўш буд, пишт-пишт нагуфт, ба тори қафас назад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё