Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

«Барои особ бошад, наравед!
Ин корро накунед! Аз ночорӣ кардаанд ин корро, чун кишташон об хўрад, боз обро ба сой нишеб мекунанд. Наравед! Онҳо ҳам камбағалҳои худамон. Ин корашон аз мастӣ нест; аз рўзашон нагузаштан...» Нагузошт онҳо раванд ба сари кўкноркорон, ки ҳама ҷойҳои киштбобро кишта, обро қатрабанд кардаанд. Ин як бало буд. Балои дигар рўйи деҳа гирд гаштани чархболи наҳангмонанд, ки хуни Рўйинро ба ҷўш овард; асбашро хароб кард:
«Мепарронам!» панҷтираро бардошт ў. Сағира намонд: «Хокамонро мебезанд, генерал!»
«Роҳи дигар нест!»
«Шумо чанд муддат набудед, онҳоро намедонед: хунхор шудагӣ».
Ҳар бор, ки чархбол болои особи хомўшро давр гашта, аз тори чинори баланди мазор мегузашт ва боди чархҳояш шоху баргҳои дарахтро алвонҷ медод, Рўйин сўяш оташ кушоданӣ шуда мили камон рост мекард, ҷавон ба зорӣ медаромад... Вале чун бори саввум паст омада, ҳама ҷойи особро аз назар гузаронд, Рўйин оташ кушод... Якбор панҷ тирро сар дод...
Чархбол калавида афтиданӣ шуд. То ба чинор барнахўрад, тори мазорро гузашта ҷониби теппаи Шоён рафт ва оташ гирифт...
«Худо гўй, ки болои теппаи Шоён нашинад. Олам дар мегирад...»
Гўё ба худ гуфт Рўйин. Лек аз ҷониби Сағира садое наомад.
Рўйин чашм аз чархболи дудкардаи паси дарахтон рафта канда сўйи ҷавон нигарист, ки даҳонаш воз буд ва дар рўяш хун ё нишони зиндагӣ намонда: «Тарсидӣ? Кори ношуданӣ шуд. Натарс!»
Пушти боми особ баромад. Чархболи оташгирифтаро дид, ки рафт-рафту миёни Зарафшон зад. Оби он низ равғаносо дар гирифт. «Воҳ!» гуфт. Ва ба ягон садо бедор нашуда бошад ҳам, ба чунин садо бедор шуд...
Маҳбас. Ҳамон симкати ларзон. Болои сараш Эсуфча истодааст.
«Мор газид?»
Рўйин, ки ба худ наомада буд, посух надод...
Амондара, 2005.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор