Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Даруни особ бадтар аз беруни он: ҳар чӣ буд андарун партоб гашта, пораи шикастаи ойинаи телевизор; шикастаҳои чойнику пиёла, лампочка ва дигар чинивориҳои он ҷо буда; тахтаҳои кандаи дўл; тахтагаҷҳои аз девор рехта, донаҳои гандуму ҷави рўйи хона пошида ва орди чанггаштаву халтаҳойи маъюбу маслухи тирхўрда ва ҳар чизе, ки буд андар он саро.
Рўйин аз дари шикаста сар халонда ин ҳамаро дид ва чун мурдаи таҳамтан хобидани санги гаронвазнро зери чашм карда, пойи аз остона дарун гузоштаро пас кашид.
«Не... Намегузоранд... Роҳ намедиҳанд...»
Фиғон дар гулўи Рўйин буд, ки як радда ҷавонмардон бо роҳи нав аз кўҳ омадаашон сарболо рафтанд. Каланду белу метин доштанд. Ҷомаҳо низ таҳ карда сари дўш партофта буданд. Фўта дар миён нон дошт. Рўйин намедонист, ки ин чӣ кўчи навест. Нигарист ба Сағира. Ў низ китфон дарҳам кашид. Ва баъд фармуд:
«Шояд адиру теппаҳоро коранд».
«Шояд...»
Ва омадшуди мардум дар ин роҳ афзуд. Сағира овард, ки кўкнор мекоранд. «Замона бо ту масозад, ту бо замона бисоз».
Пасон дар кўҳпораҳо он қадар кошиданд, ки зери чолбурсҳои азим хонаи умеди онҳо гашт.
Чархбол зуд-зуд рўйи теппаи Шоён менишастагӣ шуд.
Танҳо барлосҳо пойи чархбол ба замин нарасида гирди теппаро иҳота мекарданд; мошинҳои сабукрави тамғаву рақамҳойи давлатиашон сокинони ин ҷоро номаълум чун мусичаҳои бегуноҳ хомўшу сархам меистоданд. Ҳамин ки корашон ба сомон расид, тезтар аз гуреза метохтанд. Барои он танҳо барлосҳо меомаданд, ки сарҳади ҷумҳурии бегонаро убур карда метавонистанд. Рафтарафта чархбол нуфуз пайдо кард ва калонпояҳо онро истиқбол гирифта, гусел мекарданд. Баъзан кормандони бехатарӣ ва умури дохилӣ ва ҳукумат ба пешвозу гусел меомаданд. Мошинҳо нонхўраквор ҷамъ меомаданд ва суғурона мегурехтанд. Аз чархбол бод боқӣ мемонд, ки пари коҳу хазонро ба ҳар сў пош медод.
Рўйин барқасди рафтору кирдори онҳо тори теппаи Муғ нишаста ду дунёро мушоҳида мекард.
Сағира ҳайрон буд, ки Рўйин аз барои чӣ омадааст, ки ба ягон кор ҳамроҳ намешавад:
«А?»
«Намегузоранд...»
Особ боз аз кор монд; зайле ки рўзи омадани Рўйин бесадо ва бекас буд; чунки об хушк шуд аз саргаҳ ва касе муштак намеовард ва ёд ҳам надоранд, ки деҳа беоб монда бошад ва мардум лабташна. Исён карданд онҳо: калтаку асо гирифта ҷониби кўҳ сарболо шуданд, то кўкнориёни кўкнорпарварро лахту палахт ва пайкорашонро титу пит кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор