Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

БАҲОДУРИ КАЛЛАБУР

Ў сўйи Бухоро рафт. Ду чашми хўрҷинаш пур аз зоти сафар, Сиёҳмушкин зери ронаш, чун ҳарвақта сари асп ба рафти Зарафшон гардонд, то Бухоро равад. Лек ин раҳ вазъу ҳол дигар; хайрухуш нокарда бо табору пайвандон, андаруни сина санги садманӣ; гиреҳ дар дилу гиреҳ дар ҷабин; буғз дар гулў; пурташвишу парешон; бори дунё бор бар дўш ва ҳама гаронӣ Сиёмушкинро, буромад аз Амондара ба дашт. Дашти ҳамвори роҳаш бо рўдоба бурида. На чун ҳарвақта сари субҳ, нимашабон ё хурўсбонг, бал баъди пешин азми сафар кард. Анбони фикру хаёл ва пиндору гумон ва аёну ноаёнаш дамида ба пуфаки бозичаи кўдакон монанд гашта, аз пуфу дами зиёд то кафидан омада буд. Ҳамин лаҳза ин бозичаи худкарда аз озор ё лағзиши чизе тарсӣ кафида садои тир мебарорад ва он кўдаки ноогоҳро метарсонад. Шояд гармии ҳаво ҳам асаре мегузошт, ки зери пўсташ арзандонаҳо дамида ба хориш меовард.
Ў тозиёна аз соқи мўза кашида як бор ба ёли асп зад. Сонӣ дастаи он паси гардан бурда, даруни гиребон хаст ва миёни шонаҳоро хорид. Арақ ҳам кардааст. Ба ин чиз эътибор намедод ва чӣ кору рафтор карданашро намефаҳмид, эҳсос намекард. Аммо зарурати хоришро медонист; вагарна асаби ўро ангехта, кадом тори асабро чун пуфаки дамидаи дарун пош хоҳад дод. Садои мағзи сараш овози зиллаҳои даштро монад, ки аз ду ҷониби роҳ тараф ба тараф менавозанд. Камончаи онҳо якнавохт садо мебарорад; торҳо ончунон таранг, ки камонак гирифт карда якзайл мелағзад.
Баъзан зиллаҳо аз дамгардӣ бошад, «ҷизун...ҷизун!» мегўянд ва боз якнавоз мешаванд. Камонаки асаби тарангу мағзи сари Усто Бобо як хел садо медиҳад. Ва миёни чунин садоҳо овози занона меояд: «Ту ҳел-ҳел мегардӣ... моҳҳову солҳо гум шуда меравӣ...
занат хушдор пайдо кардааст...» Ҳамин қадар гапи занона ё бадбинона ё бадхоҳона ўро ба ташвиш овард. Савор андеша дорад, ки садои зиллаи мағзи сар ва нооромиро танҳо бо хун зудудану басанда кардан имкон дорад.
Як тозиёнаи дигар ба ёли асп зад. Ин бор сахттар, зеро фикр ва хунаш ғалаён дошт. Аммо пай набурд, ки хориши паси гардану байни ду шона куҷо шуд. Ҳамин қадар андешид, ки бо чунин дардҳои бедаво то Бухоро расида тавонад ё на. Он ҷо рафта дар назди мардуми бомаданият бадан хорад, зеб надорад.

пешина
аз 393
навбатӣ