Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Наъли тилло мехаридааст.
— Наъли тилло?
— Ҳо. Ду аспи наълаш тилло ба диёри мо омада будааст.
Наълҳо қимматтар аз асп будаанд. Чунин корро дар ҷаҳон ҷуз ў касе намекардааст ва ақлаш ҳам намегирифтааст. Ба гуфти чанд пири барҷомонда: «Агар наълҳоро пайдо накунам, дар ин обрав сари дандони тиллодорро бурида, тиллояшро ҷудо карда наъл месозам» гуфтааст. Боз эълон кардааст, ки каллабур лозим.
— Чӣ хел каллабур?
— Каллабуре ки сарҳои дандони тиллодорро аз тан ҷудо кунад.
— Масхара дорӣ, сағира?!
— Ҳамин хел шунидам, генерал... Ў ҳам генерал будааст. Саропо мусаллаҳ. Либосаш мағзии сурх дорад.
— Ман туро барои масхарабозӣ ё дурўғгўйӣ ҳамроҳ гирифтам?
— Тўба кардам, генералам. Ман ба шумо он қадар содиқам, ки Санчо Панчо ба Донкихоти ламанчӣ он қадар содиқ набуд.
— Сағира, ту инро аз куҷо медонӣ? Ман танҳо дар зиндон ин китобро хонда, кӣ будани онҳоро донистам.
— Ман аз кино...
— Ҳааа-а... Ту бояд бо он файласуф шинос мешудӣ... Хайр, ман ҳам бад не... Лекин одамони мо кундфаҳм, кундзеҳн. Ин китобҳоро намехонанд. Мегўянд, ки дунё ҳамин Тангност ва ин дунё кирои хондану фаҳмидан надорад. Ҳар қадар ба он дунё гўл равӣ, ҳамон қадар азобат кам мешавад. Медонӣ-а, он дунё дар куҷост?
Дар паси теппаи Муғ.
— Ҳамин хел, генерал; барои ҳамин ман ҳамроҳи шумо.
— Тозон рафта фаҳмида биё!

«Рафта, омадӣ?»
— Ҳо.
— Чӣ ҳарфҳо?
— Дар деҳа ягон каси дандонтилло набудааст, ҷуз зани Ҷунайдулло. Дар қаҳтӣ ҳама дандонҳоро канда, фурўхтаанд. Аз ин рў каллабур лозим нашудааст.
— Дареғ, баҳонаи хуб буд.
— Чӣ гуна?
— Мардум бояд ошўб кунанд. Ин чӣ рўз аст, ки наъли аспи зўр аз тилло шавад ва зўр сари бечораро бурида, дандони тиллои ўро канда, наъл ба аспаш созад.
— Даргузар... даргузар, генерал...

Сағира тозон фаромад аз адир: «Воҳ, генерааал... Чуғуле ўро ҷониби мо меорад!»

пешина
аз 393
навбатӣ