Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Рўйин зуд ҳама ҷоро хок пошид, орд ҳам пошид; ба рўйи телевизор ҳам, деворҳо ҳам. Пас-пас рафта мепошид, то нақши пояш намонад. Аммо метарсид аз он ки гоҳи омадани меҳмони нохонда особи беоб давр гардад. Чунин корро барои он кард, то меҳмон кўҳнасарой пиндорад ва донад, ки дар рўзҳои наздик пойи одамӣ нарасида ба ин ҷо. Гурехтанд. Фарозеро баромаданд. Аз паси харсанге мушоҳида карданд:
Онҳо ба особ даромаданд. Баромаданд. Либос афшонданд.
Попўш таконданд. Атрофро аз назар гузарониданд. Касеро надида, олуғда шуданд. Низомиёна аз тапонча тири зиёд паррониданд.
Ба даруни особ, ба дору дарахт, ба ҳаво... Ба назар дар особ на телевизор монду на дўл; на дев монду на ҷин. Баъди чунин эъҷоз дигарбора санги особи беоб набояд давр гардад.
Сонӣ ё аз тарс ва ё аз ноомади кор гўё касе хўсонда ва ё ангез дода бошад, яктоз рафта чархболро ба ҳаво бардошт. Тори деҳаву особу тангно чарх гардонд. Ҳар ҷо ҷонваре, сиёҳие, сояе дид, тир зад. Вале уқобе, ки пеши чархболро бурида гузашт, тир зада натавонист.
«Мепаррона-а-ам!»
— Ин корро накунед, генералам. Сир фош мешавад,баъд...
Онҳо ба мо кор надоранд. Аспони наълдорро меҷўянд.
— Охир куҷо шуданд он аспҳо?
— Ман дар ғори Амбал ҷой кардаам. Ҳазор бор тори сари мо гарданд ҳам, дарак намеёбанд.
Генерал чизе нагуфт. Ҷунбид, то аз паси харсанг баромада даст афшонад ва чархболро нишонда дарак диҳад, ки аспони шумо дар ғори Амбал. Аммо Сағира аз остини куртаи чинорбаргаш дошта кашид:
— Шумо чӣ кор мекунед, генералам? Дар деҳа ҷонзоде намемонад.
— Ба ту чӣ гуфта будам, Сағира.
— Ман ҳамаашро риоя мекунам, генералам. Аммо вақте ки ба пойи шумо хор халиданӣ мешавад, он хори беадабро ман бояд аз пеши поятон гирам.
Генерал баргашта буни харсанг нишаст ва ҳама чизро фаромўш карда ба чеҳра ва чашмони Сағира нигарист, сар ҷунбонд, лек чизе нагуфт. Сўҳбати хомўшонаву беҳарф ва нигоҳи имтиҳонии онҳо, ки гўё нав якдигарро мешинохтанд, дер давом кард; дертар ва сахттар аз имтиҳони устоду шогирд.
«Ба бар ҳол бояд онҳоро огоҳ кунам, ки аспонашон дар ҳамин деҳа нигаҳбонӣ мешавад.»
— Накунед ин корро! Онҳо мисли шумо бекина ва сафеддил нестанд. Сари шуморо ҳам мегиранд, сари маро ҳам... Ба халқ мефаҳмонанд, ки дузд ҳаминҳо. Дар ду олам рўйи моро сиёҳ мекунанд. Шумо чанд сол дар ин ҷойҳо набудед; бо собуни онҳо ҷомашўйӣ накардаед...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор