Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Барои ҳамин, Сағира, ягон замон ҳаваси ҷанг кунӣ, умедвор нашав, ки аз он туро чизе мерасад. Пархош анҷом мепазирад.
Ту чун кафши дарида мегардӣ. Сари роҳ мепартояндат. Ҳазор роҳгузари тиҳипо онро пахш карда гузарад ҳам, он даридаро ба пой намекашад...

Чархболе омаду болои теппаи Шоён, ки ҳамвортар буд ва солҳои бешумор хирман мекўфтанд, нишаст. Аммо касе ба пешвозаш нарафт. Замони ҷанг, ки буд, ҳаросиданд. Ва ё аз пайи ҳам омадани ду чархбол ҳайрон шуданд, ки ошўбу исён ба диёри онҳо низ қадами номуборак хоҳад гузошт. Ва кўч бастанд ба кўҳу камар ва роҳашон аз канори особ мегузашт.
Рўйин пеши роҳи онҳоро гирифтанӣ шуд, ки ба ҷое нараванд; бе рафтани онҳо ҳам қариб дар деҳа кас намондааст; одамони ҳамсоядеҳа ҳамин чизро дер боз нигаронанд, онҳо гўш накарданд.
Онҳо кўч бастанро бори нахуст диданд; боз диданд, ки қофила бо ваҷоҳату гирифторӣ ва андўҳу ғам пушт ба зодгоҳи хеш гардонида мераванд. «Ҳааа... Тоҷик ҳамин тарз дар қабати сангҳо лона гузошта будааст...»
Сағира аз теппаи канори деҳа тозон омад:
«Ҳамон чархболи наҳангмонанди гуфтаатон.»
«Барои чӣ омадааст?»
«Маълум нест. Бадвоҳима шишт. Каҳпораҳои теппаи Шоён ба ҳаво бархост; рўйи даштро ғубор гирифт. Ман дар паси ғубор дўлонаи азими даштро надидам. Мардуми саҳро «балои охирзамон омад» гўён ҳар сў гурехтанд. Баъд чанд тан аз чархбол пиёда шуда ҷониби Сочхона рафтанд; назди галаи аспон.»
«Ту низ бирав. Ҳолу аҳвол биовар!»

Ва ў ҳолу аҳвол биовард:
— Худоё, мурдем!
— Чӣ воқеа?
— Соҳиби чархбол ду асп гум кардааст. Пайи наъл гирифта ва ин тараф меояд. Наъли аспони ў махсус будааст; аз худи Туркия меовардааст.
— Сағира! Аниқ мурдӣ... туро кӣ гуфт, ки дуздӣ кунӣ?
— Охир... охир... Шумо генерал шудед; пиёда гаштанатон.
— Генералҳои ин замон асп савор намешаванд! Танк, самолёти ҷангӣ, чархбол, мошин... ҳеҷ наёбанд, БТР савор мешаванд...
— Худо хоста бошад...
— Кадоме чуғулӣ кардааст-дия, агар не, ин ҷойи дарак меёфтагӣ нест... Хайр, боз бирав!
«Рафта омадӣ?»
— Ҳо!
— Чӣ?

пешина
аз 393
навбатӣ