Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

— Ман туро сарлашкар хонда будам, лашкарат ку?
Сағира хомўш монд, то чӣ гўяд. «Лашкар дар лашкаргоҳ» гўяд, дурўғаш фош мешавад; худ аз худ ифтихоргуфторӣ кард:
«Ҷанг тамом шуд; мо пирўз омадем...»
«Шумо пирўз омадед? Мо ҳоло ба деҳаи ҳамсоя, ки аз рўзи азал моро ба танг меорад, лашкар накашидаем; насўхтаем, накуштаем, набурдаем. Чӣ хел тамом шуд. Тариқи ҷангҳои навро аз телевизион омўхтем: бояд соҳибонашро кушта мошинҳоро гирем; ба хонаи душман даромада ғорат кунем; духтарони ноболиғро асир гирем; ҷавонони шуҷоъро кушем; пиронро куллук карда, рўйи хонааш нимбисмил гузошта равем; ҳама чизро ба яғмо барем... вагарна ҷанг ҷанг нест... Ту ҳоло ин чизҳоро намефаҳмӣ, Сағира. Хаёлат, ки баробари расидан аз даҳони душмани нобакорат тир зада, аз паси сараш барорӣ. Роҳи куштор зиёд; онро баҷо овардан кори ҳар кас нест. Барои гунҷишкро куштан аввал бояд дид. Мо, ки дар умрамон чунин корҳоро кардаем ё накардаем, сахт азоб мекашем. Ҷаллод бояд дошт, фармонфармо бояд буд; машваратчӣ бояд дошт; аз онҳое бояд маслиҳатчӣ бояд гирифт, ки касбашон ҷангу одамкушӣ. Бо ҳалво гуфтан даҳон ширин нашавад. Бо ҷанг гуфтан қотил нашавӣ. Сағира, ту ҳоло ин чизҳоро намефаҳмӣ.
Шояд аз намоишҳои телевизор ёд гирифта бошӣ, ки бепурсиш бояд кушт. Неее... Ҷанг ҳам мактаб дорад. Оҳиста-оҳиста ҳамаашро ёд мегирӣ. Олам нофаҳмост. Ақли ҳар кас ба сирру савдои ин ҷаҳон намерасад. Барои ҳамин аз он дунё зиёдтар ҳарф мезананд ва ин дунёро «боду абр» медонанд. Яке пайдо мешавад, дигаре пешандоз карда ба дуриҳо мебарад. Як умр муборизаи ин ду унсур вуҷуд дорад. Ин ҳарфҳоро он файласуфи пир мефаҳмид. Ман аз ў омўхтам баъзе чизҳоро... Имрўз ё пагоҳ бояд теле нишон диҳад ўро. Зеро вай аз Шўро ранҷида буд. Майли Майдон рафтан дошт.
Бояд ба мардум чизе гўяд: «Ҳой мардум, дунёро ба чашми дил бояд дид! Бо чашми ақл бояд шинохт! Ба гапи ҳар мансабхоҳи ҷоҳталаб фирефта шуда, бар зидди падару бародар теғ накашед; шуморо бо суханони пуч фиреб дода падару бародаратонро кушта, яккамахобатон мекунанд. Ба сари қудрат, ки омаданд, худи шуморо мекушанд, фарзандатон ятим мемонад; ғуломаш мекунанд, ки ба рўйи онҳо лом гуфта наметавонад... Мебинед, ки дер шудааст... Ба ҷангу исёни нав омода мегардед, умр бақо намекунад.
Барои ҳамин пароканда шавед ва бо бародар ҷанг накунед. Он шиорҳое ки мешунавед, ҳама дурўғ: касе шуморо хушбахт карда наметавонад. Касе ба шумо як пора нон намедиҳад. Касе шуморо озодӣ намеорад... Баракс шумо барои ба сари қудрат омадани ў ҷон нисор мекунед ва ў сарвар, ки шуд, ба саратон лой мемолад...
Давлатдорӣ чунон ки мехоҳед, сурат намегирад; чунин мешавад.
«Ҳеҷ чиз пойдор намонад; ҳеҷ кас сутуни Осмон нагардад!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор