Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷанги телевизионӣ тамоман дигар; ҳама гуна олоту нақлиёте, ки барои несту нобуд кардани инсон ва ободонии ў сохта шудааст, дар он набардҳо ҳозиранд: тирборон мешавад; танку мошинҳои гаронвазн одамонро пахш карда, хонаҳоро шикаставу сўрох карда ва афканда мегузаранд; шаҳрҳо месўзанд... Баъд дар осмон чархболҳое пайдо шуда чунон мезананд, ки буду набуд бо хок ҳамсон мегардад. Ҳамун оҳантанҳо ва резинпойҳо низ месўзанд.
Пиндорӣ, ҷанги Афғонистон...
Дўсту душман рўшан нест.
— Кӣ бо кӣ ҷанг дорад?
— Гуфтам, ки чизе напурс, сағира!
«Сағира» лафзи дар дорулахлоқ ёд гирифтайи Рўйин аст, ки бори нахуст ба ҳамроҳаш часпонд. Ба назари наврас навозиш буд.
Ва номаш Сағира шуд.
— Пагоҳ мо низ ҷангро сар мекунем.
— ...
— Лашкар ҷамъ овар. Ту сипаҳсолор мешавӣ, ман – сарфармондеҳ...
«Худоё!»
— Нафорид, Сағира?
— Форид. Лекин бояд аён бошад. Ҷанги дуздона ва номардона намешавад.
— Албатта мо Афғонстон рафта ҷанг намекунем... Худ бо худ...
— Ба чунин ҷанг ман сипаҳсолор намешавам.
— Ту Сағира, а?
— Мо кам-кам мактаб ҳам хондагӣ: ҷанг бояд душман дошта бошад; лашкар дошта бошад; вагарна сарлашкар чӣ лозим. Лекин шумо, сарфармондеҳи мўҳтарам, метавонед ба ман фармон диҳед...
— Ту Сағира, А? Даст диҳанд, аз оринҷ медорӣ-ку?
— Сағира бошам ҳам, маънии ҷангро медонам. Дар китоби дарсии мо навиштагӣ буд:
«Ҷангҳои болшевикӣ андар ин майдон кунем, Даст агар аз тан биафтад, ҷанг бо дандон кунем!»
— Сағира! О Сағира! Хоҳӣ-нахоҳӣ, ту сипаҳсолор.
— Агар ман сипаҳсолор бошам, мо бояд ҷанги навин кунем:
асп ҳам лозим, лекин ҷанг бояд бо қувваи техника шавад....
— Аз куҷо?
— Сарфармондеҳи мўҳтарам! Худатон дар телевизор дидед, ки сағираҳо ҳама сарлучу пойлуч буданд. Баъд чунон мошиндор шуданд, ки...
— Не-не! Мо ҷанги ғоратгарона намекунем... Мо набояд ҷанг кунем. Лозим шавад, Ватан-модарро дифоъ мекунем!

пешина
аз 393
навбатӣ