Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

«Ҷавонони худамон бошанд?»
Чун аз ҳамроҳ посух нашунид, баргашта сўйи деҳа нигашт.
Чизе набуд. Ҳайрон монд. Ҷилави асп кашид. Чандин бор чашмак зад, мижгон каҳ кард, хуб зеҳн монд; дар зин якрўя гашта зеҳн монд; на аспон буд ва на сипоҳ. Сахт ҳайратзада гашт. Тез-тез ба ҳамроҳи ҷавон дида дўхта гирифт, аммо чизе нагуфт, ки девона нахонадаш.
Пасон дар пўсташ мурғак давида, як бор танаш ларзид. Дур нарафта инони аспро гардонд сўйи тангно.
Особи анкабуд танида, деворҳояшро чанги орд ва дуда пўшида, боми ғалбергашта ва чакандаро тозаву озода ва обод гардонид; радиову телевизор гузошт. «То пеш карданашон мешинам ва халқро хидмат мекунам» гуфт ба худ ва сарбанд рафта оби новро дурусттар баст, то чарху санг тезтар гардад, ки халқ дер нигарон нашаванд. Ва ҳамин телевизори худ аз худ гоҳ рангаву гоҳ сиёҳсафед мегирифтагӣ чашми дили ўро ба одаму олам кушод. Зиндон мактабе буд. Особу телевизори ларзонаш дунёйи дигар шуд: Гумон надошт, ки бинои мўҳташами телевизион ва тамоми дастгоҳҳои он даст ба даст мегузаранд ва дар замони бесоҳибиву беҳукуматӣ ҳар кас дар он ҷо сар мехалонад ва ҳар чӣ хоҳад он мегўяд... Ойинаи ҷаҳоннамо куштану, сўхтану рабудан ва яғмогарӣ нишон медод ва оқибати ҳар амалу зўровариро ба халқ мефаҳмонд; сиёҳ кардани гурўҳи муқобил буд ва қаҳрамони асосӣ як нерўи ноаёни ба ном саввум буд. Ду гурўҳи дигар ва гурўҳчаҳои яғмогар додхоҳ аз ин гурўҳи бегонаи кофир буданд, касе намедонист ў кист? Ё медонисту ба мардум маълум намекард. Онро чунон маънидод мекарданд, ки ноаёну диданашаванда ва фалокатбор аст. Дар натиҷа нерўҳои ҷоҳталаб мусичаи бегуноҳ мешуданд. Рўйин ҳам ба назари касони ноогоҳ нерўи саввум ба шумор мерафт, ки на ҳукумат дорад ва ҷоҳу ҷалол, аммо наврасони беақлу бехирад аз дунболи ў кашоланд.
Вале Рўйин ҳар росту норосте, ки дар телевизион намоиш медиҳанд, нафрат дорад. Ҳатто ба маҷлису маҷлисбозиҳо. Вазифаи рўзмарраи телевизион чунин намоиш карданҳо; гўё ҳукумати «нав»
ҳақиқати ҳолро нишон медиҳад. Аммо баъди тамошо Рўйин хулосаҳо мебарорад: «Мо ин хел ҷанг намекунем...» «Мо ин хел оташ намезанем...» «Мо чунин ғорат намекунем...» «Наход одами боимону бофарҳанг китобро сўзад...»
Сонӣ ҷанг оғоз меёбад; ҷанги замони Доқёнусӣ: тан ба тан; савораву пиёда; паҳлавон бо паҳлавон; лашкар ба лашкар; Рўйин миёни лашкар шамшер мезанад Рустамона. Ҷанг ҳам бояд адолат дошта бошад; ҷанги мардона бошад. Барои одами қадим буданаш; мошин савор нашуда бо Чўгур гаштанаш ва танку БТР-у олотҳои сўзандаву вайронкор надоштанаш ўро содда медонанд ва «мушт ба дарафш мезанад» мегўянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор