Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Роҳзанӣ, дуздӣ».
«Аз дасти ту чӣ?»
«Одамкушӣ...»
Хун ҷўшид Рўйинро. Як бор тарки сараш ҷунбид. Чизе гуфта натавонист. Сахт тозиёна зад Чўгурро. «Инҳо гумон доранд, ки ман чунинам...» Пасон шунид: Аспаш чўгуру каттагиаш то осмон».
Баргашта нигарист ба ҷавонони сарлучу пойлуч ва якеро ишора кард бо ангушт:
«Ман не...»
«Кӣ.»
«Нашинохтам».
«Нашинохта бошӣ ҳам, биё!»
Ҷавон худро пас кашида миёни дигарон шуд ва ғайб задан хост.
Аммо Рўйин омада аз гиребонаш дошт ва ба кўҳони зин кашид:
«Агар то пагоҳ як аспи бидав ёфта наорӣ, зери замин пинҳон шавӣ ҳам, аз гўшат кашида мебарорам!»
Фардо чиҳил асп оварданд ҷавонон. Вале ҷавони фармудаи Рўйин набуд. Рўйин пурсон шуд ўро. Фармуданд:
«Барои аспи бидав рафт...»
Лек дер омад; дар аспе савор, аспи дигарро ҷилав кашида омад.
Аз мўйи аспон равған мерехт.
«Аз куҷо чунин аспон?»
«Аспони волӣ!»
Рўйин ҳайрон монда аз чунин посух китфон дарҳам кашид ва сар афшонд:
«Чун?»
«Дилам сўхт ба ҳоли сарварамон.»
Аз чунин ҳарф ва софдилии ҷавон табассум кард ў:
«Ман ин хел нагуфта будам; дуздӣ кунед, нагуфта будам... Агар аспи хоназотийи худатон бошад, биёред, гуфта будам.»
Баъди мулоҳизаи зиёд ва чанд бор ба теппаҳо рафтану омадан он ҷавони дилсўзро пеш хонд ва фармуд, ки аспи ҷирани пешонааш сафедро савор шавад ва худ бар аспи саманд нишаст.
«Ҳамроҳи ман бош!»
«Бошам...»
«Ҳар чӣ гўям, иҷро мекунӣ.»
«Иҷро бикунам.»
«Аммо чизе напурсӣ.»
«Напурсам...»
Рўйин баргашта ба пас нигарист ва сипоҳеро дид, ки сипоҳи Искандар чунин набуд. Дар ҳайрат монд ва гўшаи чашм ба ҳамроҳ андохт, ки низ дида бошад лашкарро? Ҳамроҳ чизеро пай набурд. Рўйин бо ишорайи сар ўро фаҳмонд, ки ба пас нигарад.
Нигарист. Чизеро надид. Китфон дарҳам кашид.

пешина
аз 393
навбатӣ