Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ин хел бошад, аз ин орди особ нони зиёд мепазем; ман рафта аз Қумбел намак меорам; ҳар омадаро бо нону намак пешвоз мегирем ва Ватанро ба онҳо пешкаш мекунем...
Рўйин безобита шуд. Сурфид. Зери абрў ба Сағира нигарист.
Касе ба особ омадагӣ барин беруни дар зеҳн монд.
— Нону намакатро барор, омаданд...
Як қад парид Сағира.
Барқ хомўш шуд. Особ аз кор монд.

Чашмони Рўйин ду косаи хун гаштанд. Баъд ба пушт афтид.
Чашмонаш осмони кабудро хира медиданд. Балки осмонро не, як нури тирарангро медид ва гумон дошт, ки ҳамин нури монанд ба ранги хокистар оқибат чашмони ўро пур мекунанд ва аз ҳама чиз сер мешавад: «Аз рўйи он ки ин қадар хунхорӣ мекунанд, носер ҳастанд; ман сер. Ҳеҷ гоҳ барои нафс мубориза набарам. Зеро кушандаи инсон нафс бувад. Бар онам, ки аз гуруснагӣ миранд хубтар аст, аз он ки аз нафси бад...»
Чун гулўяш ба хир-хир омад, роҳи андешаро гирифт; ҳамон нури пасти осмонӣ низ гум шуд.
Дар шохи дарахти тути болои сараш гунҷишкакон чириқ-чириқ доштанд. Аммо Рўйин ин садоҳоро намешунид. Зеро ҳама ҷо
– олам чун особи беоб сокиту хомўшу ором гашта буд. Сағира ҳам садое намебаровард. Ба нўги пой меҷунбид ва нафасашро дарун мегирифт, ки халал нарасонад. Садо ҳам накард; напурсид низ, ки чӣ шуда бо ў. Панҷтираро аз паҳлўи ҳайкали ёзида бардошта нўг-нўги пой то ба особ даромад ва даруни дўл гузошт.
Худ аз худ санги особ давр зад; бе об, бе қувваи барқ, бе ёрийи касе. Давр гашт. Чашми Рўйин ҳам боз шуд. Сағираро дар ҳайрат гузоштанд ин чизҳо, ки аз афсонаҳои бибиву бобо мешунид, аммо бовар намекард, ки бе шамол барги дарахт ҷунбад. Лек бо чашмони худ дид, ки бе обу бе нерўи барқ парраву санги особ давр гашт. Аз шодӣ ваҳму ҳайрат зиёдтар буд ўро. Чун дид, ки ба тани ҳамроҳаш ҷон дамид, дилаш табассум кард. Ҳолпурсӣ накард, ки сардор сарзаниш мекунад: «Пурсиш манъ...» Вале шунида буд, ки чунин кор кори ҷинҳост. Осиёбонҳо аз чунин кирдору ҳодисаҳо сухан оғоз гардад, мегуфтанд, ки аҳди осиёбонии мо низ чунин ҳодиса рух дода буд. «Осиёву обҷувозу ҷувоз дорад деву парӣ».
Аммо касе онҳоро дастгир карда наметавонад, ки ба муроди хеш кор фармояд; аз ҷумла ҳоло ба дасти онҳо меафтид, чун ҷосус ё хиёнаткор истифода мебурданд. Вале тарс намегузошт, ки Сағира дурусттар биандешад аз ин боб ва кореро сомон дода тавонад. Ҷон даровардани особ ва ҷон гирифтани Рўйин чӣ фолест, ўро рўшан нест. Аммо дарк мекунад, ки санги особ сусту гарон мегардад; донаҳои гандуми аз дўл ба донкосаву гулўи санг рехтаро бо душворӣ орд мекунад.

пешина
аз 393
навбатӣ