Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

— Волло-билло!
Ва ў то теппаи Шоён «волло-билло» мегўяд, ки ин мардум кай аз савганд озод мешаванд? Бебаркаш қасам ёд мекунанд, то боварашон кунӣ, аммо... Инро ҳамин тавр аз сар мегузаронад, вагарна барои ў фарқе надорад: «Кас бояд ягон кори хуб кунад.»
Аз тори теппаи Шоён ў кам ҷоро мебинад: он тарафаш кўҳи Чилдухтарон, ки афсонаи якранга дорад ва ин тарафаш – ҷониби офтобнамо то теппаи Муғ. Ҳамин ки тори ин теппа баромад дунёро мебинад; ду дунёро: ин дунёро, ки дина Акбари Паррў зиндагӣ мекард ва он дунёро, ки имрўз Акбари Болорў мурдагӣ дорад. Ана ҳамин ду дунё. Масофаи байни ду сарой як мўй. Ин маъниро танҳо Рўйин дарк кард дар баландии теппаи Муғ истода.
Вагарна ин дунёву он дунёро миллиард бор зери пой кунанд ҳам, фаросоти касе намерасад, ки фарқ кунад. Баъзе донишмандон дурўғ намегўянд, ки ин дунё ранҷ дорад, он дунё роҳат. Рост.
Акбари Паррўро парронда кушта бошанд ҳам, азобҳое, ки дар ин дунё кашид, дар он дунё намебинад. Вале духтарони ў Рўйинро дуои бад мекунанд, ки ёни отем равад! Аммо аз шиканҷаи Рўйин бехабар.
Рўйин ба ин дунё нигаристу ба он дунё; ба он дунё нигаристу ба ин дунё. Хеле андешид ба таври хеш. Пасон Чўгурро ба теғаи Муғ чун ҳайкал гузошту ба он дунё рафт. Ба умеде рафт, ки шояд гўри зан ё ақалла яке аз фарзандонашро пайдо кунад ва дилпур гардад, ки чӣ осуда хуфтаанд. Аммо миёни гўрҳои кўҳнаву нав ва начандон кўҳнаву нав; миёни гўрҳои ворафтаву фурўрафта; мушу гўрков сўрохкарда, рўбоҳканда, обшуста, ҳамворгашта; нишонаи фарзандон гузошта, санги сиёҳӣ гўр гузошта ва панҷарагирифта, дар тунукае ё тахтачае ному насаби майит ё зодсолу фавт сабтгашта ва паҳлўи гўри бенишонгаштаи падару модар ва гўри нави ҳамсоя Акбари Паррў гўреро пайдо накард, ки дарак аз тухму тухмаи ў диҳад. Чунон хомўшанд ва осудаанд ва қаноатманданд аз он дунё, ки ҷиққашон намебарояд; розианд ҳама аз манзили хомўшон. Вале ҳама таҳлука, ташвиш ва ғами мардум; ҳама ғами пешомади онҳо, ғами қисмату тақдири Ватан дар дилу сари ў.
«Рост бошад, ки ҳар хуфта дар ин дунё чӣ рўз дида бошад, дар он дунё ҳам он рўзро мебинад; боз раис раису деҳқон деҳқон. Дар ҳамон ҷо ҳам ҳама барои як кас кору меҳнат мекунанд; зўр дораду зор дар орзуяш? Савора – савораву пиёда – пиёда... Онҳое, ки чӣ қадар азобу уқубат кашиданд дар ин дунё, ки роҳаташро дар он дунё мебинем, чӣ рўз дошта бошанд? Онҳое, ки дар мавлуди Муҳаммад рисолаи «Оҳангарӣ»-и Довудро мехонданд, он ҷо чӣ мехонда бошанд? Ва дар ин дунё халқи авомро ба бечорагӣ ва фурўтанӣ даъват мекарданд, ҳолу аҳволи охирати ўро дида чӣ мегуфта бошанд? Ҳазору саду анд сол гузаштааст, ки Рўдакӣ аз ҷой наҷунбида устухонаш дар гўри гузоштаашон боқӣ мондааст...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор