Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Худоё, бубахш маро!»
Рўйин он қадар дуру дароз сари қабри Акбари Паррў сукут варзид, ки дар паси кўҳи Чилдухтарон абрсўзии бегоҳиро дид.
Ҳамон вақт ҳам хеста нарафт, ки гўристон бесоҳиб мемонад. Мулк бесоҳиб. Гўристон ҳам бесоҳиб бошад, пас ватандоре нест ин ҷо.
Равшан, ки колхози танҳо номаш монда бесоҳиб; ҳар сари чанд вақт раис таъйин мекунанд, боз бесоҳиб. Баъди Бобо касе як сар моли колхозро зиёд накардааст; як дон ғалла ба анбор надаровардааст; як чархи трактор нахаридааст ва ҳоказо... Аммо чизе ба дасташ афтида бошад ё чашмаш ба чизе афтида бошад, ба савдои хонагӣ мондааст...
Дар ин ҷо Рўйин айбе надорад; ҳамааш айби Эсуфча: омаду ҳамаро ҳизза гиронду гўё роҳи осон ва сабуки дунёдориро омўзонд ва ғайб зад. Ҳарчанд Рўйин ўро миёни маҳбусон меҷўяд, пайдо карда наметавонад ва боз ба зодгоҳаш бармегардад. Дар як лаҳза. Ҳавою обро писанд накарда меравад. Особи беобро гардон мекунад бо як нерўи чашмнодид.
Ў шабро дар гўристон гузарониданист, ки шояд зану фарзандаш дар ягон гўри кўҳна баҷо шуда бошанд, ин ҷо будани ўро дарак ёфта, оянд. Вале хобаш намебарад ва касе намеояд. Лекин пиндораш, ки гирду атрофаш пур аз одам ва ҷондорҳои дигари мисли ў хомўш ва андешаманд дар бораи кадом мушкилаҳо фикр мекунанд; дареғ, касе нест, ки ба маънии андешаҳои онон расад.
«Бубахш, ҳамсоя... Нияти ман чунин набуд. Ба таврам туро сабукӣ оварданӣ будам. Аз ин занҳои дар навбати як мушт орд истода бонавбат ба хидмати ту гузоштанӣ будам, то хўрокатро пазад; либосатро шўяд; бароят бузғунҷ кўфта диҳад, ки шояд аз пасрў хобидан наҷот ёбӣ. Ҳар кӣ ҳар чӣ гўяд; ба назари ман шикамдардиву паррў хобиданат аз носерӣ буд, ки ҳар гоҳ сармо мегузаронду хабардор намешудӣ. Бубахш. Хидмати хирсона кардам. Ин хидмати ҳамдиёрони худамон, ки кадоме чуғулӣ кардааст.
Нияти маро нафаҳмидаву надониста, баракс маънидод кардааст ба Боло ва онҳо мўзаро монда патак пўшида омадаанд. Ниятамро як бор ба ту гуфта будам ҳамсоя: одам куштан, сўхтан, хароб кардан, ба яғмо бурдан нест муроди ман; касеро озор додан ҳам нест, касеро ранҷондан ҳам нест... як орзу, ки миллионҳо пушти мо дар нияти чунин орзуву мурод даргузаштанд. Албатта бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад... лекин мо дар дорулахлоқ чӣ қадар ин масъаларо муҳокима кардем, ки ояндаи дунё чӣ гуна бояд шавад.
Дар роҳи ин орзу, ки ҳоло хуб дарк накарда будӣ, аммо хоҳиши маро ба замин назадӣ, нахуст ту қурбон шудӣ, ҳамсоя. Мақсади ман хунрезӣ нест, вагарна он ниқобпўши ношиносро линг аз осмон меовардам. Ба ёди ту, ҳамсоя, ҳама ҷоро обод мегардонам; гўри туро ҳам... Бубахш...»

пешина
аз 393
навбатӣ