Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

«Худатон бинед, командир, нафаре андармон шудагӣ барин…
Куртааш дошта бошад, чапонаш дошта бошад».
«Ман, ки бинам, дидани туро чӣ ҳоҷат?»
Чунин ҳарф ронандаро хуш омад, ки пойи дигар аз кабина берун кашид. Ба бордони лаклакшудаи мошин нигарист ва боз сар ба кабина даровард:
«Ҳамин хел барин…»
«Барин… барин… Гумуш кун!»
Ронанда аз ҷон хуштар тори мошин баромад ва қатори мурдаҳои озод хешро ба об андохт.
«Шуд?»
Пурсид камондор садои шалаппосро шунида, аммо посух нагирифт.
«Биё!»
Лек ронанда намешунид садои ўро; гўшонашро об пахш карда буд. Ғўтта зада сар бурун овард аз об; нафаси дароз кашид. Садои шалп-шалпи даде омад ё доме. Садои ба соҳил бархўрдани мавҷро намемонад. Чунон тобад, ки бо файзу таровати об мурдаҳо зинда шуда талвосаи аз об баромадан доранд, то ба гирдоб нарасанд.
Зеро аз ин вартаи ҳалокат касе ҷон ба саломат набурдааст. Бино ба гуфтаҳо ҳама чизро ба ком фурў мекашад ва даҳонаи гирдоб гардонда, зери замин мебарад ва то дарёи Арал мерасонад. Аз ин рў ҳар қадар зиёд ба ин ғори бетаг ҷисму ҷасад андозанд, рў назада луқмаи наҳангони дарё мешавад…
Касе нашуморида, ки ин «Камаз» бори чандум дар торикӣ домони шаҳрро бурида ва ягон таҳдиду боздоштро ба инобат нагирифта, ба ин ҷо меояд ва дар канори ин гўри обии бетаг лаклак гашта буду шуди бори муфту ройгонашро луқмаи даду дом мегардонад. Шумори ҷону беҷон низ касеро равшан нест.
Командир аз оне ки фармон пазируфтааст, кофтаву ёфтаашро ба ҳамин хаммаи худовандӣ оварда мерезад.
Шалп-шалп садо додани об ронандаро ба таҳлука андохт:
«Нобакор зиндаҳоро бор карда будааст… Акнун моҳӣ барин ланда мезананд… О хиёнаткор-эээ… Аз куҷо пайдо шуданд инҳо? Ё наздикони хешро бор карда бошад? Ё ришва додаҳоро? Ё худаш барин бангиҳоро? То ба баҳонайи «моҳидорӣ» озодиашон бахшад?
Хестӣ, ки хобат, камондор… Боз ҳар ҷосусҳо ҳаст, ки лаби баҳр ташна бурда ташна меорадат... Ҳоло касе аз ин гирдоби фано раҳо наёфтааст, командир…»
Ба пояш чизе сахт дакка зад. Фарқ накард, ки чист. Чунин пиндошт, ки касе аз ҷондорон пояшро доштанӣ шуд, аммо пойи тараш лағзида боз ба об фурў рафт.
Чашмони фурўзони мошин тарафи шаҳрро равшан мекард, агар чашмаш сўйи об буд, вай медид, ки чӣ ҷонзоде аз ў мадад пурсиданист ва ё таҳдид карданист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор