Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Автомат ба паҳлўи ронанда тир карда пурсид ў. Зеро дилаш пур нест аз ҳамсафараш; аз суханонаш маълум, ки тарафдори чунин корҳо нест.
— Худат баччайи кистӣ?
— Баччайи Ҷунайдулло.
— Намешиносам.
— Набояд шиносӣ. Вай ба ин корҳо шарик нест.
— Ба кадом корҳо?
— Ба кушкушакҳо.
— Медонистам, ки бегонаӣ. Гуфтанд, ки аз ту ҳушёр шавам; сидқат соф не. Шумо ба Ҳукуматӣ Шўравӣ ҳам чунин нокасӣ доштед…
— Астағфируллоҳ бигўй… Ҳамин мошини таги поямон ай кияй?
— Медонам ай кияй. Худат ҳам медонӣ. Лекин намегўям ай кияй. Ай ман не, ай ту не…
— Аз ман!
— Аз ту?
— Аз ман!
— Чӣ хел аз ту?
— Замона чунин шуд. Ҳар кас ҳар чӣ дар даст дорад, аз они ўст: милтиқ аз они туст, мошин аз они ман. Ба ту гўям, ки милтиқатро ба ман деҳ, намедиҳӣ. Метарсӣ, ки мепарронад.Ҳол он ки ман милтиқатро ба об мепартоям; ҳар ду аз ин дахмаса халос мехурем.
— Кадом дахмаса?
— Аз гурезогурезу кушкушакҳои беҳуда.
— Воқеан ту бегона будаӣ.
— Ту худат медонӣ, ки кистӣ?
— Медонам… Мо дунёдорони оянда. Ҳама чиз аз они мо мешавад.
— Милтиқата тори мошин мон. Ман калиди мошина ба ту медиҳам, мегурезем.
— Мепарронам!!!
— Паррон! Агар напарронӣ, худам қатори ҳамин мурдаҳо обӣ мешавам.
Камондор камон рост кард сўйи вай. Сонӣ чӣ фикре ба сараш зад, ки ором шуд ва мулоим ҳамон саволи авваларо такрор кард:
«Ҳамааш рехт?»
«Бубинам?» – низ ба нармӣ пурсид.
«Бубин!»
Ронанда дари «Камаз»-ро кушода, як пой дар зина ва пойи дигар дар кабина сар афрохта ба бордон нигарист. Ва дар нимторикӣ муайян карда натавониста фармуд:

пешина
аз 393
навбатӣ