Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

СОМ
Баъди даҳ сол фирории бе ному нишон бо сабукрави «Ниссан
– мурано» бо роҳи шиноси дерина бори нахуст сафар мекард сўйи диёр. Саворон гумриданд дар пеш поси БДА, аз ин рў суръати мошинро суст кард. Аммо пиндори вай дигар буд; чизе ба ёдаш омад. Дар баданаш мурғак дамид. Ларзид. Ва худ аз худ пояш пахш кард тормозро.
Саворон ба пеш майл карданд ва пешонии паҳлўи ронанда нишаста ба ойинаи рў ба рў бархўрд.
Ронанда беихтиёр ба тарафи рост нигарист…
Саворе аз саворон фармуд: «Даҳ сол боз дар ҳамон ҳавзаки гирдобдор одамон гум мешаванд. Гўё Сом пайдо шудааст аз наҳанг бузургтар ва ҷону ҷонвари ба лаби об омада ё ба об даромада беному нишон мегардад…»
«Асосан ба одамхўрӣ одат кардааст» афзуд дигаре.
Ронанда боз ларзид…
«Лайлак бикун!»
Чун ҳамеша амр кард командири автоматро дудаста сахт дошта.
Ронандаи асир, ки тамоми роҳ ба нури чашмони ларзону лағзони мошин менигарист, гаштаву баргашта ба мили автомати ба назараш хеле гаронвазн низ зеҳн мемонд ва гоҳ-гоҳе ба чашмони тираву одамхори низомӣ, то чӣ тавр олоти марговарро аз дасти ин бадрўву бадабрў чанг зада гирад. Зиштрўст ў, ба мардумони қисми ҷанубии олам монанд. Ранги рўяш ба ранги зангиёни ба ном сафед монанд. Лабонаш дўр. Ва биниаш ба рўяш паҳн гашта. Гўшҳояш низ ҳайратовар бузург. Чунон ки аз ҳамон дуриҳо зархарид оварда бошанд. Тамоман монанд нест ба одамони мо.
Рафтору кирдораш ҳам гувоҳӣ бар он медиҳад. Дер боз мушоҳида мешуд, ки сарбозони сулҳҷўйи мо чунин пўшок надоранд; гўйӣ ба танашон барги чинор часпонидаанд.
Вале ў на аз мову на аз онҳо, худро соҳиби мулк ва ҷаҳондор мепиндорад.
Лаклак кард бордонро.
«Ҳамааш рехт?»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор