Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин бор ба пояш зарбаи нарми серун расид ва ў пеш рафт, то чӣ пеш ояд. Яқин низ кард, ки ду бори дигар чунин шатта хўрад, рост ба гирдоб меафтад ва аз он ҷо бурун омаданашро ё ба соҳили дигар гузашта озод шуданашро худо донад. Зеро убури обро намедонад ва боре ҳам обтанӣ накардааст.
Чун илоҷи дигар надошт ва намедонист, ки об то ба зону ё то ба фарқи сар лағзид; зеро ҳайкале ресмони нури чашмони мошинро бурида гузашт ва ҷонибаш омад. Медонист, ки баъди ресмони нурро бурида гузаштан ба зудӣ чизеро намебинад, бо вуҷуди он лағзид: «Ҳар чӣ бодо, бод…»
Аммо бими ба соҳили дигар баромада тўъмаи тири касофат шудан аз имкон дур набуд.
Соҳили рост ва гирду атрофи «Камаз» тирборон шуд. Ба об низ мезад тир. Вале ҳеҷ садое набуд; гўйӣ зиндаву мурда баробар
– ёрои овоз баровардан надоранд. Танҳо вай донад, ки касе бошад ҳам, аз ҷони хеш тарсида нафас намебарорад ва сар зери об кашида чун ў, то аз вуҷудаш дараке наёбанд. Оҳиста сар бурун аз об мекунад; гўшаш шунавад, чашмаш бинад, биниаш нафас гирад. Боз фурў меравад аз тарс.
Як чизи гарону вазнин аз паҳлўяш гузашт. Ронандаи тарсу худро пас кашид ҷуссаашро афшурда, аз эҳтиёт, то ба балое гирифтор нагардад. Бо вуҷуди он чизе расидаш. Мурдаро монад.
Аммо ронанда донад, ки мурда ин зайл азиму бузург нашавад:
«Шояд варам карда…?»
Чизе мисли шамшер ё теғ ба бозуяш расида гузашт, аммо набурид. Даст-даст кард. Насўхт. «Шояд нохуни пое бошад?»
Садои шалп-шалп такрор мешуд. Аз об баромадани чизе ё касе маълум набуд. Дуртар рафта хомўш гаштанаш аён мешуд; гўйӣ гирдоб фурў мебурдаш: ҳам онрову ҳам садоро. Муддатҳо пас боз пайдо мегашт…
Чун садои тир ҳама садоҳоро пахш мекард ва гўйӣ ҳама ҷону ҷонваронро беҷон месохт, ин садоро низ бод мехўрд.
«Одамон аз якдигар мадад меҷўянд… На, мурдагон… Лекин рафторашон ба мардуми беномуси кадом тоифаи халқамон монанд… Худоё, нобудуш кун! Шармандагӣ… Мошини чандум буд?...»
Шумори мошинҳоро муайян накарда як шатта расид ба пояш, ки сахт тарсонд. Аз тарси зиёд имконияти аз об баромадан меёбад ё на. Ба ҳар тақдир бояд аз тири он нокаси бангӣ ва бими мурдаҳои ҷунбандаи ҷондор эмин монд.
На! Ин на он шатта! Як чизи сахти нешдор пошнаи пояшро харошид; афзор рафт аз пояш. Ва аз ширинии ҷон ва беҳуда мурдан ҳаваси аз об баромадан кард. Сўйи соҳили дигар рў овард, валек ҷунбида натавонист; либосаш вазнину кашол буд ва ўро фурў медод. Кавши якпояаш низ пуроб гашта буд. Бар замми он дарёфт, ки об мебарадаш.

пешина
аз 393
навбатӣ