Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Раис, ба ман дўғ назанед... Сенздаҳ рўз ман нигоҳ доштам?
Рафтан гирад буд! Лекин ман нахоҳам, намекўчам, чӣ мегўед?
— Акои Умарбек, медонам, ки нахоҳед, намекўчед, лекин аз мардум ҷудо шудан хуб нест; ману шумо бо мардуми диёр зинда,
– андаке нарм шуд раис, – гумон карда будам, ки дар ин кор ба мо мадад мекунед, шумо баръакс корро пас мезанед.
— Чунин муҳит одами хубро ҳам бад мекунад... Ман кори шуморо пошна доданӣ неям, ба худ омаданиям. Наход ки кас як умр дар оташдони аҷдодӣ оташ гиронаду бе ягон фикру мулоҳиза онро хомўш карда, яку якбора аз баҳраш гузарад? Шумо метавонед?
Яку якбора аз баҳри падару модар гузашта метавонед?..
— Ако, ин гапҳоро монед, ман маҷбур ҳастам, ки...
— Лекин ман маҷбур неям, говронаи маро ҳеҷ кас аз дастам гирифта наметод. Дар ҳамун Янтоқи шумо барои ман пухта мондиян? Дар ҳамун ҷо ҳам меҳнат кардан лозим будагист... Ё амири Бухоро барин хоб рафта нон мехўрем?
— Ако, ин гапҳо ба кӣ лозим?
— Раис, ин мардак кўчиданӣ набошад, ман рафтам, – Сайфулло аз фурсат истифода бурданӣ шуда ҷониби кўча рафт.
— Исто, бачча, – ларзида хест Умарбек, – ту дар ихтиёри манӣ, ҳар чӣ гўям, ҳамонро мекунӣ; кўчи маро бояд ту барӣ!
— Ин хел бошад, бор кунед, охир!
— Сабр кун, ба худ оям...
...Умарбек ба худ омад; баъди ҳарфҳои сахту нохуб гуфта рафтани раису оқсақол ба худ омад ва биандешид, ки чӣ рафторҳои нозебо мекунад: магар барои кўчидан ё накўчидан писарро ҳамин хел бар қад бардошта, ба замин мезананд? Гўсфандонро аз як лаб сар мегиранд? Ронандаро оварда, хонабанд мекунанд?... Намефаҳмад, намефаҳмад, ки барои чӣ чунин рафтор мекунад. Ў, гўё ки дар ин ҳавлӣ коре нашуда бошад, касе вуҷуд надошта бошад, ба чизе эътибор надода, сўйи ҷўйи сари бора бирафт, то дастони хунолудашро бишўяд: аввал дастон, сонӣ рўяшро бишуст, ҳис кард, ки дар сару рўяш таровате пайдо шуд ва дурудароз хоб ба об мегуфтагӣ барин дар равшании моҳтоб ба оби равон нигарист. Ҳа, гўё ҳамааш дар хоб буд ва акнун бедор гашта таъбир меҷўяд... Як каф об хўрд. Об сари дилашро равшан кард, гўё то ин дам ҳамин як ҷуръа оби шифобахш намерасид; дилаш равшан шуд, мағзаш тоза гашт. Боз ба рўяш об пошид, миёнбандашро кушода рўй пок кард, аз нав ба миён баст ва гўш ба деҳа дод; танҳо ҳамин вақт пай бурд, ки деҳа мағал аст, сагҳо гирогир доранд, мошинҳо садо бароварданд, мазмун, озими роҳанд. Вай тез по партофт, қариб, ки давад, сўйи кўча – ҷониби мошини Сайфулло. Мошини Сайфулло дар ҷояш набуд. Умарбек ба мошини аввал, ки аллакай мотораш кор мекард, наздик шуда пурсид: «Мошини Сайфулло куҷо шуд?»

пешина
аз 393
навбатӣ