Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

«Бурафт!» ҷавоб дод ронанда «Куҷо бурафт?» «Баргашту бурафт». Умарбек ба сони танаи дарахти каллакшуда меистод ва гўё ҳамин лаҳза аз карда пушаймон шуд, ки гўшти гўсфандони куштааш бўй мегиранд, касе онро намехўрад: «Гурехт, ҷонашро халос кард». Сонӣ ў ба корвони мошинҳо нигарист, ки Палоракро кўчонда буданд. Қадам зад; аз назди мошини охирин то назди мошини аввалин қадам зад, то Сайфуллоро пайдо кунад, аммо мошини ў наменамуд. «Рафт, хоп-холӣ рафт» ба саволи ў ҷавоб дод ронандаи аввал.
— Акнун кўчи маро кӣ мебарад?
— Худатон: ё мошин киро карда мебаред ва ё пуштора карда...
— Хобата ба об гўй, бачча, воло монам, ки як мошин ҷунбад...
...На танҳо моҳтоб баромад, балки субҳ дамид. Аз куҷое садои мошин баромад ва аз миёни чангу ғубор мошини Сайфулло пайдо шуд, ки аз доманаи деҳа меомад; дар рохи ноҳамвор ва пурхок чанг мекард. Аз такон хўрда, бардорузан карданаш маълум буд, ки холӣ аст. Вай омад-омаду дар ҷойи шаби дароз истодааш қарор гирифт ва ба Умарбек арз кард, ки оби мошинро рехта, оби тоза андохтааст.
— Лекин, бачча, мерафтӣ ҳам, дар ду дунё намебахшидамат.
— Не, ако, ман бе шумо рафтанӣ нестам.
Ба кўчи Умарбек ҳама баробар часпиданд ва фурсати зиёд нагузашта бор бастанд ва мардак хохиш кард, ки гўсфандони куштаашро низ бор кунанд, дар манзили нав ба мардум пухта медиҳад ва боз хоҳиш кард, ки деги дарвешонро ҳам гиранд.
— Додо, додо, Аҳмадбек куҷост? – ҳангоми ба мошин савор шудан пурсид духтар аз падар ва ў пай бурд, ки писар нест, дили падар мисли як пора яхи лағжон фурў рафт ва ў бори дигар зери обу арақ монд. Пой аз помонаки мошин бозгирифт, ба мошинҳои қатор нигарист, ки тамоми одамон ба ў нигоҳ мекарда бошанд; ба ҳоли ў, ба рафтори ў механдида бошанд, вале чунин ниятро дар онҳо пай набурд, баръакс ҳама ба пеш дида медўхтанд, ки кай мошинҳо ба роҳ медароянд. Умарбек ба хона баргашт, ҳавлиро хабар гирифт; хонаҳоро хабар гирифт, оғилу кохдонро хабар гирифт, аммо писарро пайдо накард.
— Аҳмадбееек, ҳооо Аҳмадбек! – садо кард ў ва дар ҷавоб аз назди мошинҳо чунин садо омад: – Чаро меистед!? Ҳай кун, охир!
Ин Умарбекаш одам набудааст-ку! – Вале аниқ накард, ки овози кист. Лаби марзаи пешайвон нишаст ва ба андеша рафт, ки чаро бачча чунин рафтор карда бошад? Барои задани падар ва ё аз ин ҷо рафтан намехоҳад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор