Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Писар як бор «уъ» гуфту ба замин дароз кашид ва баъди сўйи оғил рафтани падар ба нола даромад.
Модару хоҳараш омада ўро бардоштанд. Нахест...
Сайфуллову мулло Сафар, ки рўйи саҳни ҳавлӣ буданд, аз чунин рафтори Умарбек дар ҳайрат монда, миёни худ мегуфтанд, ки мардак олуғда шудааст, чӣ кор карданро намедонад: кўчро бор кунад ё на? Аз ин рў худро ба оғил мезанаду молашро мекушад, писарро озор медиҳад ва бо ҳар баҳонае корро кашол.
— Ако, кўчиданӣ набошед, мошинро ба дигар ҳавлӣ барам?
– аз дари оғил сар халонда пурсид Сайфулло.
— Кўчиданӣ набошам, ҳамин хел мекунам?! – гўсфандони рўйи фарши оғил сарбуридаро дар равшании чароғи фонус ба ў нишон дода гуфт Умарбек.
— Ин рафтори шуморо кас намефаҳмад, ако.
— Пагоҳ мефаҳмӣ...
— Чӣ хел пагоҳ? Ҳама маътали роҳ, боз пагоҳаш чӣ? Тоза дер шуд-ку?!
— Сенздаҳ рўз истодӣ, дер нашуд, ба як рўз дер мешавад?..
Пагоҳ ин гўсфандҳоро ба деги дарвешон меандозем, халқ мехўрад, сонӣ фотиҳа гирифта меравем... Ба кўчидан ҳеҷ гоҳ дер намешавад... Нов мерем, мегўйӣ, Янтоқ мерем мегўйӣ? Ҳамун нову янтоқ дар ҳамин Масчоҳ ҳам ҳай... Ҳамаро ба масҷиди миёна ҳой гўед, мулло Сафар...
Вале ба таги дег оташ нагиронда ва мардумро хабар накарда, мурғфарёд оқсақолу раис пайдо шуданд, ки кўч бастанро мефармуданд. «Ният кардиям, раис...» исрор мекард Умарбек, аммо сарони колхоз нагузоштанд, ки ў гўшт ба дег андозад. Худашон кўчи ўро бор карданӣ шуданд, аммо диданд, ки ин марди оташчашми шофбурут ақаллан рахти кўрпаро нагардондааст, бўғчаашро набастааст, сандуқро берун набаровардааст, ҳайрон шуданд: «Чӣ, шумо нияти кўчидан надоред?»
— Кўчиданиям, раис, лекин падару модарро ёдовар шуда, сонӣ кўчиданиям.
— Дар Янтоқ ҳам падару модарро ёдовар шудан мумкин.
Фарзанди асил дар ҳама ҷо ёдовар мешавад... Ин ҳукми ман не, ки ба ман ситеза кунед, ако... Ҳукумат қарор кардааст, кўчидан лозим.
Умарбек ба онҳо чизе нагуфт. Рўйи замин нишаст, дастони хунолудашро ба замин молид ва сар ба зер афканд.
— Чӣ, кўчатонро мо бор кунем?
— Агар шитоб дошта бошед, бор кунед, лекин бафурсат бошад, худам бор мекунам.
— Аз ин зиёд боз чӣ хел фурсат шуданаш мумкин? Сенздаҳ рўз аст, ки мошинҳо нигарон, ноинсофӣ аз ин зиёд намешавад... Дар ин фурсат ҳазору як бор падару модарро ёдовар шудан мумкин буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо