Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

— Дар хонаи очашон... Шўрбоя хўр...
Дигар чизе напурсидам. Ў дароз кашид. Хобаш бурд. Хоби ман ҳам омад, аммо баданамро мепучидам, ки хобам набарад.
Назди арўсак баромадан мехостам. Вале аз сиёсати амаки Юсуф метарсидам.
Тоқии ў афтид; сараш якбора хам хўрда, дасти муттако гузоштаашро совида фаромад, дасташ рўйи болишт дароз рафт ва тоқӣ пушти болишт афтид. Коғазе, ки ба номи падарам навишта буд, даруни тоқӣ, гўшаҳояш қат шуда, қолаб гирифта буд. Ман гардан ёзида менигаристам, ки дар он чӣ навишта шуда бошад. Ҳарфҳои каҷу килеб ва калимаҳои ба русӣ ғалат навиштаи ўро хондан ва маънӣ гирифтан осон набуд, лекин худи ў маънии навиштаҳояшро нағз медонист. Ба ҳар ҳол гардан ёзида, пеш лағжида, ҳафҳои навиштаи ўро ҷанг амдохтам мехостам. Аммо якбора «қағғғ!» гуфта нафас гирифтани ў маро аз раъям боздошт. Фақат калимаи сиёҳу чопии «квитансия»-ро хондан осон буд.
— Вақт шуд! – аз беруни дар садо баромад, садои арўсак, вале амаки Юсуф садои ўро нашунид, мазмун, арўсак аз ман шарм карда паст гуфт. Ман аввал хостам, ки аз вазъият истифода бурда ўро бедор кунам, то тезтар корҳоро сомон гардонем ва рўзона ба манзил расам, аммо шайтон бардорам дод, ки назди арўсак баромада, пурсу посух кунам, ба ин мард кӣ будану барои чӣ дар ин манзили наву нотайёр танҳо буданашро пурсам, чаро мисли канизак итоаткор ва обандози дасти амаки Юсуф буданашро ҷўё шавам ва бисёр андешаҳои дигар...
— Додарак, ун каса бедор кунед!
Ман ба шумо гуфта ва расонда наметавонам, ки ин чӣ садое буд; садои булбул, сор, кабк ва ҳар мурғаки хушхон ҳам чунин нест. Дар ҷойҳои мо ин хел овоз, ин хел ҳусн ва ин хел одобро ба як калима ифода мекунанд: ширин. Вале мо кўдакон ин ҳарфро танҳо нисбати шириниҳо медонистем: қанд, набот, асал. Ва баъзан аз шунидани чунин номҳо лаб мелесидем. Рост, намедонистам, ки ин арўсак ба амаки Юсуф кӣ мешавад, ба ҳар ҳол ба ў – ба амаки Юсуф ҳавасам омад, ҳатто ҳасад ҳам буд. Ақли кўдаконаам мегирифт, ки амаки Юсуф хушбахттарин инсони рўйи замин аст.
— Додарак, бедор кунед, ун кас аз кор дер мондана нағз намебинанд!
Маълум, ки арўсак тагу тирези амаки Юсуфро хуб медонад.
— Ҳар вақт чӣ хел бедор мешуданд?
Қасдан буд ин саволи ман; ҷавоб мехостам ба он, аммо арўсак хомўш буд. Берун аз дар истода ҳарф мезад. Ҳамин қадар тахмин мекардам, ки аз сиёсати мардак метарсад. Дар кўҳистони мо ҳамин хел як тарс ё эҳтиром вуҷуд дошт ва занон онро риоя мекарданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо