Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба орази гандумгуни ў ҳайратзада менигаристам. Арўсак аввал нигоҳи маро пай набурд ва он вақт ки худ аз худ даҳонам воз монда, гўё бо даҳону чашму гўш ҳусни зебои ўро тамошо мекардам, ҳолати маро, дилу нияти маро пай бурд ва эҳсос кард, ки чӣ зайл дили ман ба ҷамоли бемисли ў гум мезанад. Дар он ҳолат, дар он замон ман аз амаки Юсуф як чиз мехостам: маро ҳамроҳ набарад, балки гўяд, ки ин ҷо истода ба корҳои рўзгор мадад бикун... Арўсак тамоми дилу нияти маро пай бурд, ки дигар чизе нагуфт, рўй тофту ба ошхона рафт... Ман намедонистам, ки чӣ кор кунам – бедор кунам ё дастархонро ҷамъ карда бардошта, ба ошхона равам... Хеле андеша кардам, ангушт газидам, нохун хойидам ва якбора лаби дастархонро гардонда, бардоштам, чашмонам илтиҷоомез ҷониби ошхона равон шудам. Аммо намедонистам, ки чашмони ман чӣ илтиҷо доранд.
— Аз куҷо мешӣ, бачча?
Ба ҷойи ҷавоб дастархон сўяш дароз кардам, ки ман барои ҳамин омадам. Муродам он буд, ки ў наздиктар ояд, дастархон аз дастам гирад, ақаллан ранги рўяшро аз наздик бинам.
Ў кушт маро. Гўё аз дилу ниятам бохабар шуда, наздик наомад ва ё аз амаки Юсуф метарсид, ки ба ин ҷо даромаданамро набинад.
Ман ин муроди ўро фаҳмидам; худам ҳам мехостам зуд бароям.
Аммо ба забонам ҳарфе омад, ки намедонам барои чӣ гуфтам:
— Ман қар вақт шуморо хабар мегирам!
Ў табассум кард, чизе нагуфт. Дандонҳои сапеду симзадааш барқосо осмони диламро ларзонд ва гумон кардам, ки дилам зери поям фурў ғалтид.
Аз он ҷониб садои сурфа баромад, дили ба зери пой афтидаам ларзид. Арўсак дандон газид ва ман пай бурдам, ки барои ин ҷо даромаданам танбеҳ мегирам. Зуд дастархон бардошта як пой аз остона берун мондам ва мисли амаки Юсуф сурфидам, то маро бинад ва донад, ки дастархон овардам.
— Ҳа! Он ҷо чӣ кор мекунӣ? – ба сиёсат пурсид ў ва қариб тозон ҷониби ошхона омад.
— Дастархон...
Ҳамин қадар гуфтам ва дастархони рўйи дастамро аз рўйи остона беруни дар баровардам.
— Туро кӣ дасёр кард? Худаш мегирифт!
— Пойи шумо ба дастархон расид, ман ғундоштам...
— Ҳаа, ту ҳам ҳамин ҷойӣ?
Табассум дар лаби арўсак шикаст...
Ман хам шуда, дастархон рўйи остона гузоштам.
Амаки Юсуф ба ҷое, ки шоҳон пиёда мераванд, рафта омад.
Арўсак ба дасти ў об рехт. Пас мўзаашро пўшида, бо ман қаҳрӣ барин сумка ба китф овехта, ба арўсак рў овард: «Имшаб намеоям.»

пешина
аз 393
навбатӣ