Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Боракалло! Мард будаӣ... Акнун бигўй, ки говат чӣ қадар бор дорад?
— Ягон даҳ-дувоздаҳ пуд будагист.
— Рост, ин вазни зиндаи обу кунҷора хўрдааш, борашро гап зан!
— Ҳамин қадар, ки гуфтам, раис.
— Лучаку пўсткандааш шаш пуд...
— Неее...
Амаки Юсуф ба ман ҳам нигоҳ намекард, ба марди зардина ҳам. Ба дигаре фармуд, ки говашро рўйи тарозу барорад. Ў гови он касро баркашида гирифт ва ба ман фармуд, ки ғавчўбро кушода говро ба «говхона» дарорам ва худаш танаффус эълон кард.
Мардум мағал бардоштанд ва ба зорӣ даромаданд, ки то танаффус говашонро қабул кунад, розӣ нашуд. «Говатон хўрдаашро ронад, сонӣ қабул мекунам», мегуфт.
— Писари Раҷаб, ҳамроҳи ман биё! – ба ман рў овард ў ва ман ҳайрон будам, ки чаро бо мани кўдак чунин рафтор мекунад.
Розӣ нашудам:
— Амак, роҳи ман дур. Илоҷаш бошад, пули говро диҳед, равам.
Ў хандид. Баланд не, гулўӣ, ба содагии ман ишора мекард:
— Пулро ба додот медиҳам. Ту – бачча, аз ин ҷо то Некон пул бурда наметавонӣ... Исто, ки худи додот чаро наомад?
— Кўҳ рафтанд, барои ҳезум.
Чанд муддат, ки ин ҷо будам, пай бурдам, ки сухани амаки Юсуфро ду кардан мумкин не. Аз даҳонаш сухан барояд, дигар намешавад: «худо якта, гап якта» сари сухан такрор мекунад ў ва мефаҳмонад, ки ҳарфи зиёд фойида надорад. Ҳамин чизро дониста дудила шудам, ки ҳамроҳи ў равам ё не? Равам, ба бозгашт дер мешавад, наравам, ҳоло ў аз қабули гов чизе нагуфтааст ва ба падар чӣ ҷавоб бурданро намедонам.
— Гард! – фармуд ба ман ва дигар ба касе чизе нагуфт. Қаламу коғазашро ба сумкаи банддор андохт, сумкаро бар китфаш овехт ва ба ҳозирон рў овард: «Эҳтиёт шавед, говатон ҳамаро наолонад!» Ва ба говҳои он тарафи ғавчўб як бор нигоҳ карда, мазмун, ҳамаашро ба ойинаи чашмаш сабт кард ва қадам ба пеш андохт...
... Як арўсак ба дастони ў об андохт, сачоқ дод...
Ва мо ба хонаи навсохт даромадем. Деворҳои хона гуландова дошт, бўйи коҳу гил меомад. Амаки Юсуф мўзаҳояшро кашид, беруни остона андохт, рўйи кўрпача дароз кашида ба лўла такя зад. Ман нони фўтаро кушода рўйи дастархон гузоштам, чой гардондам, нон пора кардам. Ў зери лаб табассум кард; ба рафтору худкории ман нигариста, табассум кард ва нон гирифт. Арўсак ду коса шўрбо овард.
— Баччаҳотон куҷо, амак?

пешина
аз 393
навбатӣ