Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Лекин давлату дунёӣ надорад. Ҳарфаш ҳам, афсонааш ҳам аз саргузашти Ҳотами Той. Ин шаб ҳам маталаш аз ў буд...
Ў пагоҳ Бозорро канортар бурда гуфт: «Кори Ориф-фитна расво, мадад кардан лозим, халос накунем, мебаранд...»
— Кабк нест, амак.
— Баччагӣ накун, некӣ аз худо гардад. Рафту корамон барор гирад, ба ў мегўям, ки туро фалон сағира халос кард...
— Хайр, ҳамин рўз чӣ қадар ки афтад, ба роҳи ризо, – солорона гуфт Бозор, вале ҳамон рўз як ҷўркабк ҳам ба дом наафтид.
Амаки Ҳамроҳ ғамӣ шуд. Бозор авзои ўро дида, тоқат карда натавонист ва пуршаст рафта, барфи нармшудаи бехи шахчаро, ки парҳои кабк менамуд, тит карда, басти кабкҳои ҳаромро овард:
«Лекин ҳаром, амак».
— Ҳарома ҳаром мебуррад. Зарур бошад, раво бошад.
Чеҳраи амаки Ҳамроҳ шукуфт. Ҷиготи амаки Қурбон гирифт:
— Муттаҳам, кабкҳои ҷелаи моро ту мегирифтаӣ-дия!
— Кабки шумо ба ман чӣ лозим?
— Ҳаром, гуфтӣ-ку, дуздӣ-дия!.
— Ман ана ин чизро ҳаром гуфтам, – сари нобуридаи кабкҳоро нишон дода гуфт Бозор. – Аз ҷелаи шумо ҳарома намедуздам, ин ҳароми дуболо мешавад...
— Ҳааа, намедуздӣ-а. Бинам, дастата зада мешиканам.
— Ўй! – хитоб кард амаки Ҳамроҳ. – Ба ҳурмати худо чунон мезанам, ки сию ду дандонат пешгаҳи ҳалқат меравад!
— Ҳамроҳ! Ин сағира кӣ мешад, ки ҷонибаша мегирӣ?
— Сағира ҳеҷ кӣ намешад. Сағира сағира аст. Лекин сағир ҳам нафс дорад, кабир ҳам. Сағир гуфта пеши по кардан ба худо ҳам хуш намеояд, ба банда ҳам.
— Ҳоло нисфи кабкҳои ман дар дасти ҳамин, – гуфт Бозор.
Аммо амаки Ҳамроҳ чизе нагуфт, зуъм кард. Беҳарфу калоча харро зин зад. Рафтагор.
— Ман ҳам меравам, амак!
— Ҷелаҳо ночида-ку?
— Амаки Қурбон маро лат мекунад.
— Не, Муҳаммадӣ ҳамин ҷо меистад, – гуфт ў ва ба амаки Қурбон рў овард: – Ўй, ако! Гашта биём, ҳамин бачча норизоӣ кунад, худо як аст, як лингата так мекунам, як лингата рў...
Ў ба хар савор шуда, ба гарданаш халачўб зада буд, ки Бозор хитоб кард: «Истед, амак!» Ва тозон рафта боз аз он ҷо ду баст кабкро бардошта овард. «Инҳо ҳалол, амак!» боло бардошта гуфт ў ва ҳис кард, ки чоруқҳояш об гузаронд, лекин аҳамият надод...
... Амаки Ҳамроҳ роҳи тоб-тоби Қумбелро рост шуд. Ба назари Бозор аспсавор мерафт: баланд, босаловат, беҳтарин инсони Олам...

пешина
аз 393
навбатӣ